Музокироти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва намояндагони Аврупо доир мешавад

Хабари хуб 22.11.2018 16:33

Қарор аст 23 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел дидори вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Иттиҳодияи Урупо баргузор шавад.

Аз Тоҷикистон дар ин нишаст Сироҷиддин Аслов вазири умури хориҷаи ин кишвар ширкат мекунад. Дар ҷараёни ин мулоқот, ки барои дуввумин бор дар соли ҷорӣ баргузор мешавад, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, вазъият дар Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкориҳо дар масоили обу энержӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

 Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ин мулоқот дар остонаи таҳияи стратегияи нави ин ниҳод барои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки як бахши муҳими он масоили ҳуқуқи башар ҳам мебошад.

Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи омодагиҳо ба ин нишаст ба хабарнигорони кишварҳои минтақа дар Брюссел гуфт: “Ман ин навбат ҳам раҳбарии музокирот бо ҳамкоронам, яъне вазирони хориҷии Осиёи Марказиро ба ӯҳда дорам, ки рӯзи ҷумъа барпо мешавад. Ин як бахши хеле мусбат ва илҳомбахши сиёсати мост. Мо ҳамеша сари масоили марбут ба низоъҳову бӯҳронҳо тамаркуз мекунем. Ҳамкориҳои бештари Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба хотири дастёбӣ ба натиҷаҳои мусбат посухгӯи эҳтиёҷоти мо аст ва муҳим аст, ки ба хотири ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф мо дар самти дуруст ҳаракат кунем”.

Иттиҳодияи Аврупо як шарики муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва дар доираи стратегияи амалкунанда, ки солҳои 2014 то 2020-ро дар бар мегирад, ин кишварҳо дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар кӯмак дарёфт мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97