Хабари хуб

 Дар Душанбе Маркази кӯмак барои хушунати хонаводагӣ таъсис мешавад 16.11.2018 16:08 Дар Душанбе Маркази кӯмак барои хушунати хонаводагӣ таъсис мешавад
Дар шаҳри Душанбе Маркази имдоди ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ эҷод мекунанд ва аз ин ба баъд заноне, ки таҳти фишори равониву ҷисмонии ҳамсар ё хушдомани худ қарор гирифтаанд, метавонанд ба рақами 1313 тамос ....

Нахустин нишасти ҳамкориҳои минтақавии Узбекистон ва Қазоқистон оғоз шуд 16.11.2018 10:26
Нахустин нишасти ҳамкориҳои минтақавии байни Узбекистон ва Қазоқистон дар шаҳри Чимкент оғоз ба кор кард. Ширкаткунандагони нахустин нишасти ҳамкориҳои минтақавии Узбекистон ва Қазоқистон ба баррасии мавзуъи ҳамкории кишварҳои минтақа дар ростои тарҳи «Роҳи абрешим» пардохтанд. Дар чочӯби ин нишаст таблиғи заминаҳои сайёҳии Туркистон дар бозори Русия ва Урупо мариди баррасӣ қарор гирифт. Ширкаткунандагон ....
Хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ниҳоӣ мешавад 16.11.2018 09:30
Доналд Туск раҳбари Иттиҳодияи Аврупо аз раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия хост, ки рӯзи 27-уми ноябр соли ҷорӣ барои қабули созиши хурӯҷи Бритониё дар Брюссел гирди ҳам биёянд. Ӯ рӯзи 15-уми ноябр гуфт, агар ягон иттифоқе рух надиҳад, мо барои ниҳоӣ ва расмӣ кардани созиши хуруҷи Бритониё ҷаласаи Шӯрои Аврупоро баргузор ....
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ҷони миллионҳо нафарро аз байн бурд 16.11.2018 08:54
Теъдод ва арқоми кушташудагони ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба далели прапагандаҳои кишварҳои даргир то ҷое ба воқеъият фосила доранд. Бо ин ҳол, тибқи омор ва арқоми сабтшуда метавон гуфт теъдоди куштаҳо дар миёни низомиён 10 миллион нафар ва ҳамчунин оташ ин ҷанг ҷони 10 миллион ғайри низомӣ ро низ гирифтааст. Дар ....
Профессори тоҷик: 16 ноябр рӯзи истироҳат эълон шавад 15.11.2018 15:16
Профессор Ҷовид Муқим, блогер ва рӯзноманигори шинохтаи Тоҷикистон пешниҳод кард, ба ҷои 1 май, ки аз феҳрасти рӯзҳои истироҳатӣ ҳазф шудааст, 16 ноябр дар кишвар рӯзи истироҳат эълом карда шавад. Ҷовид Муқим ин пешниҳодро тавассути саҳифаи фейсбукии худ изҳор доштааст. Ӯмегӯяд, моҳи ноябри соли 2016 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони ....
Кашфи як наққошии бостонӣ аз чеҳраи Исои Масеҳ дар Исройил 15.11.2018 14:09
Як наққошии нодир аз чеҳраи Исои Масеҳ, ки то кунун намунае аз он дар даст набуд ба тозагӣ дар як сайти бостоншиносии даврони императории Руми шарқӣ дар саҳрои «Нақб» воқеъ дар ҷануби Исройил кашф шуд. Ин наққошии деворӣ, ки бар рӯй девори калисои ҷанубии «Шабто» нақш баста ба зоҳир бахшҳое аз ....
Суръати интернет дар Узбекистон 10 баробар афзоиш меёбад 15.11.2018 13:31
Шуруъ аз 1 декабри соли ҷорӣ суръати интернет дар Узбекистон 10 баробар зиёд карда мешавад. Бино ба гуфтаи кормандони ширакти мухобиротии «Узбектелеком», дар ҳоли ҳозир корҳои техникӣ дар ин росто роҳандозӣ шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбекистон қабл аз ин фармон содир кард, ки нархҳо барои дастрасии ....
Таъини фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201- и Русия дар Тоҷикистон 15.11.2018 12:38
Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия тай як фармони ахир худ фармондеҳи ҷадиди пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар мустақарр дар Тоҷикистонро таъин кард. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Ҳавзаи марказии низомии Русия, Владимир Путин шаби гузашта Сергей Горячев ро ба унвони фармондеҳи пойгоҳи низомии 201- и Русия дар Тоҷикистон мансуб кард. Горячев хатмкардаи ....
Раиси ҷумҳури Қазоқистон: Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Осиё таъсис шавад 14.11.2018 15:41
Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон хостори эҷоди Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар заминаи Машварати ҳамгирой ва тадбирҳои боварӣ дар минтақаи Осиё шуд. Вай ин суханонро зимни баргузории ҷаласаи умумии  «Astana Club» ироа кард. Назарбоев бо баёни инки барои Осиё созмони паймони амнияти ҷамъии худаш зарур аст, такид кард, иқдоми давлати Қазоқистон зимни ....
ИМА тарҳи нави бизнеси кишоварзӣ дар Тоҷикистонро оғоз кард 14.11.2018 14:50
14 ноябри соли 2018 Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон лоиҳаи нави панҷсола таҳти унвони “Рақобатпазирии соҳаи кишварзӣ дар Тоҷикистон”-ро ба таври расмӣ оғоз намуд. Кевин Коверт намояндаи муваққатии сафорати Америка  ва Раҷабалӣ Раҷабов муовини Раиси вилояти Хатлон бештар аз 170 иштироккунандаи маросими ифтитоҳи ....
Дар Қазоқистон диктанти "сартосарӣ"-и лотиннависӣ барпо шуд 14.11.2018 14:49
Дар мактабҳои олии чанд шаҳри Қазоқистон имрӯз лотиннависии сокинонро озмоиш карданд. Иқдоми "Диктанти саросарӣ" соати 11 шуруъ ва 30 дақиқа давом кард.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97