Хабари хуб

Кушта шудани 13 тан аз Толибон дар шимоли Афғонистон 05.12.2018 13:27 Кушта шудани 13 тан аз Толибон дар шимоли Афғонистон
Мақомҳои маҳаллии вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон мегӯянд, дар пай як даргирӣ миёни нерӯҳои давлати ва Толибон 13 тан аз ин гурӯҳ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин даргирӣ 7 ....

Манъи филмҳои хориҷии бе тарҷума ва зернавис дар Қазоқистон 05.12.2018 08:48
Актоти Раҳимқулова муъовини вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон бо ишора ба қонуни нави назорати кино дар кишвараш зимни як нишасти хабарӣ гуфт: пас аз тасвиби ин қонун тамоми филмҳои хориҷӣ, ки дар синамои Қазоқистон ба намоиш гузошта мешаванд бояд ба забони қазоқӣ тарҷума шуда ё дорои зернавис бошанд. Вай афзуд: пеш ....
Бонки осиёии рушд 300 миллион доллар ба Тоҷикистон ихтисос медиҳад 04.12.2018 16:14
Бонки осиёии рушд  як барномаи се солаеро таҳия кардааст, ки бар асоси он 300 миллион доллар барои Тоҷикистон ҳамчун кумак ҷудо карда мешавад. Бино ба гузориши намояндагии Бонки осиёии рушд (БОР)  дар Тоҷикистон, ин бонк тасмим гирифтааст тай солҳои 2019 -2021 барои рушди соҳаи сохтмони роҳҳо, энергетика, бахши хусусӣ, маъориф, беҳдошт ....
Пойтахт: Автобус ҷои микроавтобусро мегирад 04.12.2018 10:40
Шуруъ аз 3 декабри соли ҷорӣ дар хатсайри микроавтобусии рақами 11 (мактаби 61- бозори “Балх”) теъдоди васоити нақлияи навъи “Мерседес-Бенс” маҳдуд карда шуда, хидматрасонии хатсайри автобусии рақами 11 роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин дар хатсайри микроавтобусии 10 (Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор») шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри  рақами 10  ....
Алишер Усмонов Роскомнадзорро барои се матлаб ба додгоҳ кашид 04.12.2018 10:10
Миллиардери ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба додгоҳи Басмани шаҳри Москва шикоят бурда, хостааст, аз Интернет се матлабе пок карда шавад, ки дар бораи робитаи ӯ бо Захарий Калашов, маъруф ба "Шакро Молодой" дар олами ҷиноӣ, таҳия шудаанд.
ИМА барои тамос бо Толибон аз Покистон кумак хост 04.12.2018 10:07
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Покистон Муҳаммад Файсал бо нашри як изҳороти расмӣ гуфт, аз президенти ИМА Доналд Трамп нома дарёфт карданд. "Президенти ИМА дар номаи худ ба сарвазир Имрон Хон навиштааст, ки муҳимтарин афзалияти ӯ дар минтақа ҳалли низои Афғонистон аз роҳи гуфтугӯ аст. Ӯ аз Покистон хостааст, ки дар ....
Даъво бар сари гов дар Ҳиндустон ду кушта бар ҷои гузошт 04.12.2018 09:36
Як маъмури пулис ва як фарди муътариз дар ҷараёни эътироз ба забҳи як гов дар Ҳинд кушта шуданд. Гурӯҳе аз мардуми ҳинду рӯзи душанбе дар иёлати Уттар-Прадеш воқеъ дар шимоли Ҳинд дар эътироз бар сари кушта шудани як сар гов ба як маркази фармондеҳии пулис ҳамла карда ва бо нерӯҳои давлатӣ ....
Лука Модрич барандаи тӯби тилои соли 2018- и Урупо шуд 04.12.2018 09:08
Лука Модрич бозикуни хорватии тими футболи “Реал Мадрид”- и Испания тӯби тилои Урупо дар соли 2018 ро дарёфт кард. Дар маросиме, ки шомгоҳи душанбе 3 декабр дар салони “Гранд Пала”-и Париж баргузор шуд, футболисти кишвари Хорватия ба мақоми беҳтарин бозигари марди соли Урупо расид. Касби ин унвон аз суи Модрич ба беш ....
Тоҷикистон дар рутбабандии кишварҳои дар ҳоли рушд як зина боло рафт 04.12.2018 08:31
Бино ба гузориши маркази таҳқиқотии бритониёии “Legatum Institute”, Тоҷикистон дар рутбабандии кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар мақоми 101- ум қарор гирифтааст. Ин марказ афзудааст, ки Тоҷикистон дар соли 2018 дар ин рутбабандӣ як зина боло рафта, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои саввумро ишғол кардааст. Ҷиҳати беҳтарини Тоҷикистон дар ин раддабандӣ амният ....
Намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Омрико сафарашро ба Афғонистон ва минтақа оғоз кард 03.12.2018 15:05
Зулмай Халилзод намояндаи вижаи вазорати хориҷаи Омрико сафари 18 рӯзаи худро ба ҳадафи ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини сулҳи Афғонистон ба минтақа оғоз кард. Ин сафар 2 декабр оғоз шуда ва қарор аст то 20 декабр поён ёбад. Вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, ки Халилзод дар ин сафар ба Афғонистон, Русия, Узбакистон, Покистон, Туркманистон, Қатар ....
3 декабр ба унвони Рӯзи байналмиллалии маъюбон дар ҷаҳон таҷлил мешавад 03.12.2018 13:52
Маҷмаъи умумии (Ассамблеяи генералии) Созмони миллали муттаҳид бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти  афроди маълул дар соли 1992  3 декабрро ба унвони Рӯзи байналмилалии  маъюбон эълон намуд. Аз ин рӯ, ҳамасола дар тамоми дунё, аз ҷумла  дар Тоҷикистон ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии  маъюбон   таҷлил мегардад.  Маврид ба ....
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97