Хабари хуб

Рушди агробизнес дар Хатлон 09.11.2018 03:52 Рушди агробизнес дар Хатлон
Дар Тоҷикистон лоиҳаи ҷадиде барои беҳтар кардани рақобатпазирии агробизнес ба кор оғоз кард. Расми ифтитоҳи он 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон бо ҳузури роҳбарияти вилоят, масъулини лоиҳа, деҳқонону соҳибкорон ....

Ширкати “МегаФон” иштирокдорони Анҷумани соҳибкоронро бо интернет таъмин кард 17.10.2018 14:59
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анҷумани байналмилалии соҳибкории “Душанбе-2018”-ро бо интернети баландсуръати мобилӣ аз рӯйи технологияи Wi-Fi таъмин намуд. Оператор инчунин ба иттиҳоди соҳибкорон хизматрасониҳои муосири рақамиро пешниҳод карда, зиёда аз 200 сертификати ройгонро ба муҳлати як моҳ тақдим кард.  Анҷуман таҳти унвони “Инкишофи истеҳсолоти миллӣ – имкониятҳои нави сармоягузорӣ” санаи 15 октябр ....
"Диссернет" асардуздии олимони Қирғизистонро ошкор кард (видео) 16.10.2018 11:13
Дар рисолаҳои илмии олимони Қирғизистон асардуздӣ ошкор шудааст. Миёни асардуздон мансабдорони пешин ва кунунии ин кишвар низ ҳастанд. Онҳо асардуздиро рад мекунанд ва ҷамъияти "Диссернет"-и Русияро, ки асардуздиҳоро ошкор кардааст, қаллоб меноманд. "Диссернет" - иттиҳоди эҳсонкорони Русия аст, ки ба асардуздӣ дар рисолаҳои илмии олимон, фаъолони сиёсиву иҷтимоӣ машғул аст. Ин ....
Шеъри порсӣ дар фазои сафорати Фаронса танинандоз шуд 09.10.2018 16:35
Бо ибтикори сафорати Фаронса дар Душанбе аввали октябри соли ҷорӣ, ба истиқболи бузургдошти рӯзи забони давлатӣ “Маҳфили шеъри тоҷикию фаронсавӣ” баргузор шуд. Зимни баргузории маҳфили мазкур, ки дар фазои озоду самимонаи бинои сафорат тӯли ду соат идома кард, шоирони маъруфу маҳбуби кишварамон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва ҳаводорони шеъру каломи ....
Сафорати ИМА дар Исфара 8 синфхона сохт 05.10.2018 17:16
Сафорати ИМА дар мактаби №31 дар ноҳияи Исфара чанд синфхонаи иловагӣ бунёд кард, хабар медиҳад маркази матбуотии сафорати мазкур. Ба иттилои манбаъ, сафорати ИМА ҳамчунин дар деҳаи Корези ноҳияи Шаҳритус як дармонгоҳи нав бунёд кард. "Лоиҳа оид ба сохтмони ҳашт синфхонаи иловагӣ дар мактаби №31-и шаҳри Исфара, ки моҳи январи соли 2018 ....
Нияти ба Амрико ҳиҷрат кардан доред? Аз фардо метавонед, бахти худро бисанҷед 02.10.2018 15:47
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даври нави барномаи раводиди муҳоҷирӣ (Greenсard) DV 2020-ро фардо - 3 октябр - оғоз мекунад. Сабти ном фардо тариқи онлайн шуруъ ва 6-уми ноябр хотима меёбад. Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар додааст. Роҳнамои тарзи дуруст пур кардани аризаро аз ин ҷо мешавад пайдо кард. Матни ....
Даъвати ҷавонон ба артиш 1 октябр шуруъ шуд 01.10.2018 16:31
Саҳифаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар Фейсбук хабар медиҳад, ки имрӯз - 1 октябр - мавсими даъвати ҷавонон ба артиши кишвар шуруъ шуд. Ба навиштаи саҳифаи Кумита, дар майдони 800 солагии Маскваи шаҳри Душанбе маросими "Рӯзи даъватшаванда" бо иштироки ҳазорон нафар падарону модарон, ҷавонон, варзишгарон ва сокинону ....
Дар синамобазми "Дидор" 70 филм нишон дода мешавад 28.09.2018 14:39
Дар синамобазми "Дидор", ки аз 16 то 20 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, 70 филмро ба намоиш мегузоранд. Дар ин бора аз кумитаи тадорукоти "Дидор" хабар доданд. "Ин ҷашнвора аз синамобазмҳои пешина фарқ мекунад. Он ба бузургдошти синамогари барҷастаи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад. Ба ин муносибат ба ....
Бузургдошти шаҳидони роҳи озодии Афғонистон дар Душанбе 21.09.2018 14:59
Ҳафтаи ҷорӣ дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе маҳфили бузургдошти ду шахсияти бузург ва қаҳрамони роҳи озодии Афғонистон -  Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳониддин Раббонӣ бо ҳузури фарҳангиён ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва корпусҳои дипломатӣ баргузор шуд. Дар ин маросим аз ҷонбозиҳову талошҳои дигар шаҳидони роҳи озодии Афғонистон низ ёдовар шуда, ....
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мутахассисони рақобатпазир омода мекунад 07.09.2018 09:47
Байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 4 сентябри соли ҷорӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар дод. Дар хабари Донишгоҳ омадааст, ки ҳадафи шартнома “омода  намудани мутахассисони соҳибкасб дорои таҳсилоти олӣ ва дар бозори меҳнатии дохилӣ ва хориҷии рақобатпазир, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таълим, ичунин ....
Гиёҳҳои Бадахшон китоб шуд 05.09.2018 20:04
"Гиёҳномаи Бадахшон" тасвир ва хусусияти растаниҳои шифобахши Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ин маҷмуа ба таври мухтасар тарзи истифодабарӣ, хосияти шифобахшӣ, истифода дар тиб ва шакли дорувории 108 набототи дармонбахши худрӯй, полезӣ (бӯстонӣ) ва меваҷот бо акси аслии гиёҳҳо оварда шудаанд. Китоб барои кормандони соҳаи ҳифзи сиҳат, ....
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97