Хабари хуб

Гугл бо сарфи 1 миллиард доллар дафтари нав дар Ню Йорк месозад 19.12.2018 09:24 Гугл бо сарфи 1 миллиард доллар дафтари нав дар Ню Йорк месозад
Ширкати Гугл эълом кард, ки беш аз 1 миллиард долларро сарфи сохтани дафтари ҷадид дар шаҳри Ню Йорк мекунад то шумори кормандони худро дар он шаҳр ду баробар зиёд кунад. Пеш аз ин ....

Президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор мекунад 18.12.2018 09:15
Сооронбой Ҷеенбеков бори нахуст ҳамчун президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор хоҳад кард. Ба огаҳии дастгоҳи президент, дар ҳоли ҳозир раванди бақайдгирии рӯзноманигорон идома дорад. Қарор аст, нишаст 19 декабр дар қароргоҳи давлатии "Ала-Арча" баргузор шавад. Ҷеенбеков 6 марти соли равон бо раҳбарони 40 расона мулоқот карда, ба суоли онҳо посух гуфт. Вале ....
Интиқоли 1.9 миллиард доллар аз Русия ба Тоҷикистон тавассути муҳоҷирони корӣ 18.12.2018 08:36
Тай нуҳ моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки дар Русия фаъолият мекунанд ба ин кишвар 1 миллиарду 900 миллион доллар интиқол доданд. Бино ба иттилоъи бонки марказии Русия, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба миқдори 9 миллиарду 800 миллион доллар ба хориҷ аз ин кишвар интиқол дода шудааст. ....
Пешбинии вақти мурдан тавассути озмоиши хун 17.12.2018 15:28
Донишмандони донишгоҳи Йел муддаъӣ шуданд ахиран як озмоиши хун кашф намудаанд, ки ба кӯмаки он метавонанд дарёбанд, ки як фард чанд соли дигар аз умраш боқӣ мондааст. Муҳаққиқони донишгоҳи Йели Амрико дар мақолаи ахиршон муддаъӣ шуданд, ки онҳо танҳо бо анҷоми як озмоиш метавонанд муъайян кунанд, ки як фард чанд соли ....
Шаби Ялдо чи шабе аст? 17.12.2018 14:00
Шаби Ялдо яке аз шабҳои мондагор дар фарҳанги эрониён аст. Ин шаб, ки решаи амиқ дар ҷону дили мардум дорад солҳост, ки бо ҷашн ва даври ҳамойҳои самимӣ хотира ангез мегардад. Шаби Ялдо баробар аст бо шомгоҳи 21-ум то бомдоди 22-уми декабр. Шаби Ялдо аввалин шаби зимистон ва тӯлонитарин шаби сол аст. ....
Боздошти ҳомиёни ҳуқуқ дар рӯзи таҷлили истиқлол дар Қазоқистон 17.12.2018 10:47
Дар рӯзи истиқлоли Қазоқистон 16 декабр, пулис чанде аз фаъолони шаҳрвандӣ ва рӯзноманигоронро дар ин кишвар боздошт кард. Бахитҷон Торегожина ҳомии ҳуқуқ аз Алмаато мегӯяд, бархеҳоро дар майдони марказӣ ва бархеи дигарро ҳангоми берун шудан аз хонаашон боздошт кардаанд. Миёни боздоштшудаҳо сиёсатмадори мухолиф Жасарал Куанишалин, рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқ Галим Агелеуов, ....
Ҳудуди 200 кишвар қоидаи иҷрои созишномаи Порисро қабул карданд 17.12.2018 10:16
Конфронси умумиҷаҳонии иқлими СММ дар Лаҳистон қоидаҳои иҷрои созишномаи Порисро қабул кард. Зери санад ҳудуди 200 кишвар имзо гузоштанд. Намояндаҳои ин кишварҳо роҷеъ ба назорати гази карбон ва чораҳо барои коҳиши партоби гази гармхонаҳо ба фазо низ ба созиш расиданд. Баъзе аз қоидаҳои дигар дертар таҳия хоҳанд шуд. Дар Бунёди ҷаҳонии ....
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2018 ба 3.8 миллиард доллар расидааст 17.12.2018 10:04
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ то ноябри соли ҷорӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 7.5 дар сад (267.6 миллион доллар) афзоиш ва ба 3.8 миллиард доллар расид. Бино ба нишондиҳандаҳои агентии омори Тоҷикистон, тавозуни савдои ин кишвар манфӣ буда ва ба 1 миллиарду 860 миллиону 700 ҳазор расидааст. Тай ....
Як намояндаи парлумон: Тоҷикистон бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ кунад 17.12.2018 08:45
Шариф Раҳимзода раиси кумитаи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори маҳдудияти омӯзиши улуми иҷтимоӣ ва афзоиши соъатҳои дарсҳои илмҳои дақиқ дар ин кишварро шуд. Вай дар ин замина гуфт: барои таъмини рушди иқтисодӣ ва илмӣ, Тоҷикистон дар оянда ба коҳиши соъатҳои омӯзиши улуми иҷтимоӣ ва афзоиши соъатҳои таълимии илмҳои ....
Ҳимояти ҳукумати Амрико аз пажӯҳиши миллии демографӣ ва саломатӣ дар Тоҷикистон 15.12.2018 09:36
Кевин Коверт кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросиме, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳукумати Тоҷикистонро бо ба анҷом расонидани дуввумин пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ табрик гуфт.  Кордори сафорати Амрикоро дар маросими муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ дар соли 2017 Гулнора Ҳасанзода директори Агентии омор ва Саида Умарзода муовини аввали ....
251 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон дар зиндонанд 15.12.2018 08:57
Барои саввумин сол паёпай тибқи омори расмӣ 251 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон зиндонӣ шудаанд. Чин, Миср ва Арабистони Саъудӣ нисбат ба соли гузашта рӯзноманигорони бештареро зиндонӣ кардаанд, Туркия низ дар ҳоли ҳозир бадтарин зиндон барои рӯзноманигорони ҷаҳон ба шумор меояд. Мавҷи тозаи саркӯб дар Миср, Арабистони Саудӣ ва Чин барои саввумин сол ....
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97