Таъсири манфии телефонҳои ҳамроҳ ба мағзи инсонҳо

Хабари хуб 18.12.2018 09:33

Телефонҳои ҳамроҳи ҳушманд зиндагии моро мутаҳаввил кардаанд. Аз як су зиндагӣ бо вуҷуди ин гушиҳо ва имконоте, ки дар ихтиёрмон мегузоранд осонтар шуд ва аз суи дигар мушкилоте низ бо худ ба ҳамроҳ овардаанд.

Тахмин зада мешавад аз ҳар чаҳор амрикоӣ, се нафар телефони ҳамроҳи шахсӣ дорад ва ба назар мерасад ҳар фард ба таври миёна 2600 дафъа дар як рӯз телефонашро ламс мекунад.

Телефонҳои ҳамроҳи ҳушманд дар истеҳкоми равобити хонаводагӣ ва иҷтимоъӣ, диққат дар вақти ронандагӣ ва эминии муҳити кор халал эҷод кардаанд. Ба унвони мисол як мутолиъаи 300 миллион долларии муассисаи милли беҳдошт дар Амрико нишон додааст, ки мағзи кӯдаконе, ки бо телефонҳои ҳушманд сару кор доранд ба сурати мутафовите бо мағзи кӯдаконе, ки ба ин телефонҳо дастрасӣ надоранд, такомул меёбад.

Ҳамчунин мутолиъоти дигари илмӣ нишон медиҳад афроде, ки мураттабан дар тамос ва кор бо ин телефонҳо ҳастанд тавоноии камтаре доранд, ки амиқ, бо диққат ва мафҳумӣ фикр кунанд. Вобастагӣ ба ин телефонҳо сабаб шудааст, ки афрод аз ёдоварии соддатарин иттилоъоти худ боз бимонанд.

Аз дигар мушкилоте, ки ин телефонҳо эҷод мекунанд коҳиши камият ва кайфияти хоб аст. Матолибе, ки аз тариқи интернет бо ин гушиҳо то ҷои хоби афрод меоянд зеҳни онҳоро дар мавқеъи хоб мушавваш мекунанд. Ҳамчунин нури ин телефонҳо дар соъати зистии бадан ихтилол эҷод карда ва сабаб мешавад афрод дертар ва бадтар бихобанд.

Ҳузури ин телефонҳо дар зиндагии мо ҳатто бар рӯи нигоҳи инсонии мо ба дигар инсонҳо асари манфӣ дорад. Бисёре дигар ба дархостҳои кумаки ғарибаҳо дар хиёбонҳо посух намедиҳанд ва ҳатто эътимод миёни афроди ошно нисбат ба якдигар коҳиш ёфтааст.

Нотавонӣ дар баёни эҳсосот аз дигар мушкиле аст, ки телефонҳои ҳамроҳ эҷод кардаанд. Бурузи эҳсосоти мусбат ва манфӣ барои афроде, ки аз ин гушиҳо истифода мекунад камтар шуда, амре, ки равобити инсониро таҳтуш шуъо қарор медиҳад.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки истифода аз ин гушиҳо таъсироти бисёр мухрибе бар рӯи саломатии равони навҷавонон ва ҷавонон дорад. Ин телефонҳо наҳваи таъомул бо афродро дучори мушкил карда ва ҳузур дар шабакаҳои иҷтимоъӣ сабаби коҳиши иззати нафс ва эътимод ба нафси афрод ба вижа писарон ва духтарони ҷавон мешавад.

Телефонҳои ҳамроҳи ҳушманд то ҳадде дар тору пуди зиндагии мо танида шудаанд, ки қобили ҳазф нестанд, акнун муҳаққиқон дар талошанд то бо дарки ин ки чи гуна ин гушиҳо бар равон ва мағзи мо асар мегузоранд роҳҳое барои коҳиши хатароти истифода аз онҳо ро пайдо кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97