Як намояндаи парлумон: Тоҷикистон бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ кунад

Хабари хуб 17.12.2018 08:45

Шариф Раҳимзода раиси кумитаи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостори маҳдудияти омӯзиши улуми иҷтимоӣ ва афзоиши соъатҳои дарсҳои илмҳои дақиқ дар ин кишварро шуд.

Вай дар ин замина гуфт: барои таъмини рушди иқтисодӣ ва илмӣ, Тоҷикистон дар оянда ба коҳиши соъатҳои омӯзиши улуми иҷтимоӣ ва афзоиши соъатҳои таълимии илмҳои дақиқ зарурат дорад.

Вай таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон беш аз ҳад ба шеъру адаб, ҳунар ва фарҳанг таваҷҷуҳ мекунанд ва дар мавриди омӯзиши илмҳои дақиқ назири риёзӣ, химия ва физика таваҷҷуҳи камтар мешавад.

Раиси кумитаи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идома афзуд: 70 дарсади рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистон ба масоили фарҳангӣ-иҷтимоӣ муртабит мебошанд ва замони он расидааст, ки дар ин замина бознигарӣ шавад.

Раҳимзода бо таъкид бар аҳамияти ифтихор ба гузаштаи фарҳангӣ ва адабӣ гуфт: таваҷҷуҳи беш аз андоза ба шеъру адаб ва баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ ва консерту рақс ва аҳамият надодан ба улуми дақиқ барои ояндаи Тоҷикистон хушоянд нест.

Шариф Раҳимзода бо ишора ба 5 соли зиндагиаш дар Аврупо афзуд: аврупоиён бо алоқа ба ҳифзи улум ва фанновариҳои ҷадид аз кишварҳои осиёӣ солҳо пеш гом ниҳодаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97