Савдои хориҷии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2018 ба 3.8 миллиард доллар расидааст

Хабари хуб 17.12.2018 10:04

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ то ноябри соли ҷорӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 7.5 дар сад (267.6 миллион доллар) афзоиш ва ба 3.8 миллиард доллар расид.

Бино ба нишондиҳандаҳои агентии омори Тоҷикистон, тавозуни савдои ин кишвар манфӣ буда ва ба 1 миллиарду 860 миллиону 700 ҳазор расидааст.

Тай ин муддат ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2.8 миллиард доллар коло ворид шуда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 15 дар сад ва ё 372.5 миллион доллар бештар мебошад.

Содироти маҳсулот дар тӯли моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли 2017 9.6 дар сад (104.9 миллион доллар) коҳиш ва ба 991.2 миллион доллар расидааст.

Русия ҳамчунон ба унвони шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда ва мубодилаи тиҷории Душанбе бо Маскав зарфи ин муддат 924.4 миллион долларро ташкил дода, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 9.6 дар сад рушд доштааст.

Мубодилаи тиҷории Тоҷикистон бо Қазоқистон дар январ-ноябри соли ҷорӣ низ рушди 1.9 дар садӣ дошта ва 768.8 миллион доллар бароварда шудааст.

Тиҷорати мутақобили Тоҷикистон тай соли ҷорӣ бо Чин ҳамчунин рушди 11.9 дар садӣ дошта ва тай ин муддат 589.2 миллион долларро ташкил додааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97