Хабари хуб

Роҳи оҳан 4 млн. доллар зарар дидааст 09.07.2009 15:01 Роҳи оҳан 4 млн. доллар зарар дидааст
Мақомоти ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфтаанд, ки ин ширкат дар нимаи аввали соли ҷори маблағи чаҳор млн. доллар хисорат дидааст.

Дар Душанбе арақ нахӯред, ҳуштак накашед... 02.07.2009 16:24
Нӯшидани машрубот, ҳуштак кашидан, бозии бачагон бо кафшҳои чархадор (роликҳо) ва рӯравакҳо (самокатҳо) дар хиёбонҳо ва паркҳои Душанбе манъ шудааст. Аз ин ба баъд касе дар шаҳри Душанбе ҳақ надоранд дар ҳолати мастӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, яъне хиёбону паркҳо, варзишгоҳҳо ва дар нақлиёти мусофирбарӣ ҳузур пайдо кунанд. Ҳамчунин нӯшидани шароб ....
Кашфи ҷасади як ҷавондухтар дар дарёи Душанбе 02.07.2009 16:23
Рӯзи 29 июн нимарӯзӣ кормандони гурӯҳи наҷот дар дарёи Душанбе, дар зери кӯпруки мошингарди хиёбони Саъди Шерозӣ, ҷасади духтари наздик ба 20-соларо пайдо карданд. Гуфта мешавад, таҳқиқи аввалия маълум кардааст, ки ин ҷасади Нилуфари Давлатзода, соли таввалудаш 1992, сокини ноҳияи Варзоб будааст. Ӯ панҷ рӯз қабл аз хонаашон, дар деҳаи ....
Нирӯгоҳи хурди обӣ дар Кӯлоб 02.07.2009 16:22
Як нирӯгоҳи хурди обӣ дар шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуд. Маросими оғози баҳрабардории ин нерӯгоҳ 26 июн бо ширкати масъулони шаҳрдории Кӯлоб, кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, корхонаи "Кӯлобдеҳсохтмон" ва иддае аз сокинони маҳал сурат гирифтааст.
"Freedom House" аз Тоҷикистон нигарон шудааст 02.07.2009 16:22
Созмони амрикоии "Freedom House" ё Кохи Озодӣ дар гузориши тозае аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки сатҳи демократӣ дар кишварҳои собиқи шӯравӣ ва бархе кишварҳои мутаъаллиқ ба блоки комунистии собиқ дар Аврупои шарқӣ пойин рафтааст.
Сабти номи дубораи созмонҳои мазҳабӣ 02.07.2009 16:21
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 1-июл қабули асноди созмонҳову муасиссисаҳои мазҳабиро дар асоси қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ шурӯъ кардааст. Ин раванд то 30 декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи масъули бахши динҳои Вазорати фарҳанг Назира Додхудоева, дар ин муддат сабти номи созмонҳои мазҳабӣ ба таври ройгон ....
Маҳкумияти Солеҳов ба ҳабси тӯлонӣ 26.06.2009 21:14
Додгоҳи шаҳри Душанбе, рӯзи панҷшанбе, 25 июн, Тағойназар Солеҳов, бародари собиқ Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистонро ба ҷурми қатл ва ҳамли ғайримуҷози силоҳ ба муддати 15 солу шаш моҳ ба зиндон маҳкум кард.
Анҷоми марҳилаи аслии "Кӯкнор-2009" 25.06.2009 15:48
Бисёре аз нерӯҳои интизомӣ аз минтақаи Рашт, ба маҳалли доимии худ баргаштанд. Манобеи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ба далели анҷоми марҳилаи аслии амалиёти "Кукнор-2009" бисёре аз ин нерӯҳо ба маҳалли воҳидҳои низомии худ баргаштанд.
Тоҷикистон дар қатори кишварҳои бесубот 25.06.2009 15:48
Маҷаллаи "Foreign Policy" ва созмони иҷтимоии "Сандуқи Сулҳ" Тоҷикистонро дар феҳристи 40 кишвари бесуботи ҷаҳон қарор додаанд.
Раҳматулло Валиев 1000 сомонӣ ҷарима шуд 25.06.2009 15:47
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвои Масъуд Собиров дар нисбат ба Раҳматтулло Валиевро ба нафъи муддаъӣ ҳал кард. Тибқи ҳалномаи додгоҳи мазкур, Раҳматулло Валиев бояд 1000 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.
Узбакистон боз интиқоли газро кам кард 18.06.2009 14:25
Узбакистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон панҷоҳ дарсад коҳиш додааст. Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз" рӯзи 16 июн гуфт, ки дар пайи музокироти чандрӯза, масъулони ин ширкат тавонистаанд, ҳамтоёни худ аз ширкати "Узтрансгаз"-ро мутақоъид созанд, ки интиқоли газ ба Тоҷикистонро комилан қатъ накунанд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97