Як нирӯгоҳи хурди обӣ дар шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуд. Маросими оғози баҳрабардории ин нерӯгоҳ 26 июн бо ширкати масъулони шаҳрдории Кӯлоб, кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, корхонаи "Кӯлобдеҳсохтмон" ва иддае аз сокинони маҳал сурат гирифтааст.
Бобоҷон Пираков, раиси корхонаи "Кӯлобдеҳсохтмон" гуфтааст, ин нерӯгоҳ дар чорчӯби тарҳҳои сармоягузории Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва ба манзури тавсеъаи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи Кӯлоб бунёд ёфтааст ва корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ ҳануз дар моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуда буд ва ширкати "Диаманка"-и шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо корхонаи "Кӯлобдеҳсохтмон" дар бунёди ин нерӯгоҳ саҳим ҳастанд. Барои иҷрои ин тарҳ маблағи 900 ҳазор сомонӣ ҳазина шудааст.
Зарфияти ин нерӯгоҳ 250 килуват соат буда ва ба гуфтаи масъулони шаҳрдорӣ, аз нерӯи барқи ин нерӯгоҳ барои ба таври доимӣ фаъолият кардани корхонаҳои саноатии Кӯлоб, назири корхонаи тавлиди шир ва кунсерв дар ин минтақа, истифода хоҳад шуд.
Ҳамчунин беш аз 300 хонавода дар фасли тобистон ва 200 хонавода дар фасли сармо аз зарфияти тавлиди нерӯи барқи ин нерӯгоҳ истифода хоҳанд кард. Ин нахустин нерӯгоҳи хурди обӣ дар шаҳри Кӯлоб аст, ки дар муддати беш аз 50 соли ахир бунёд шудааст.