Маҷаллаи "Foreign Policy" ва созмони иҷтимоии "Сандуқи Сулҳ" Тоҷикистонро дар феҳристи 40 кишвари бесуботи ҷаҳон қарор додаанд.
Дар шохиси солонаи кишварҳои ноком дар соли 2009 Тоҷикистон бо беш аз 90 имтиёз дар зинаи 37-ум қарор гирифтааст.
Арзёбии кишварҳо дар ин гузориш тибқи 12 меъёри фаъолияти давлатҳо, аз равандҳои демографӣ ва муҳоҷирон то нобаробариҳои иқтисодӣ дар дохили кишвар, ҷиноят ва қонуншиканӣ дар ҳокимияти давлатӣ, озодии башар, нуфузи нерӯҳои амниятӣ ва нухбагони маҳаллӣ сурат гирифтааст.
Муаллифони ин гузориш Тоҷикистонро дар заминаи раванди демографӣ, амалкарди доираҳои мухталифи нухбагони маҳаллӣ ва вазъияти ҳуқуқи башар "давлати ноком" унвон кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи арзёбиҳои қаблӣ, вазъияти Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ сол аз сол ваҳимтар шудааст. Зеро арзёбиҳо ҳокист, ки агар Тоҷикистон дар соли 2006 дар ҷойи 42 қарор дошт, як сол баъд ба ҷойи 39 пойин рафт.
Дар соли гузашта чун соли ҷорӣ боз як зинаи дигар пойин омад.. Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон, кишварҳои ҳамсоя ва наздики Тоҷикистон, мутаносибан дар зинаҳои 31, 42 ва 59 қарор гирифтаанд.
Гурҷистон, низ аз кишварҳои Шӯравии собиқ, бо гардиши бесобиқае зинаи 54-ро гузошта ва дар зинаи 34 қарор гирифтааст. Аммо Русия аз зинаи 72 ба 71 тағийри макон кардааст.
Мавқеъиятҳои болотарин дар ин радабандиро Норвегия дар зинаи 178, Финландия дар зинаи 177 ва Суис дар зинаи 176 ба худ ихтисос додаанд.
Аммо Сомалӣ, Зимбабве, Судон, Чад, Конго, Ироқ, Афғонистон, Соҳили Оҷ, Ҷумҳурии Офриқои Марказӣ ва Покистон дар шумули даҳ кишвари аввали бесубот ё вомонда қарор доранд.