Узбакистон боз интиқоли газро кам кард

Хабари хуб 18.06.2009 14:25

Узбакистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон панҷоҳ дарсад коҳиш додааст. Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз" рӯзи 16 июн гуфт, ки дар пайи музокироти чандрӯза, масъулони ин ширкат тавонистаанд, ҳамтоёни худ аз ширкати "Узтрансгаз"-ро мутақоъид созанд, ки интиқоли газ ба Тоҷикистонро комилан қатъ накунанд.

Ҳафтаи гузашта, ҷониби Узбакистон ширкати "Тоҷиктрансгаз"-ро ҳушдор дода буд, ки дар сурати напардохтани қарзи 17 млн. долларии худ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро комилан қатъ месозад.

Ҳамакнун ба гуфтаи масъулони "Тоҷиктрансгаз" ба Тоҷикистон аз Узбакистон дар як соат танҳо шаш ҳазор метри мукаъаб гази табиӣ ворид мешавад. Барои бароварда сохтани куллия ниёзи Тоҷикистон ба ин маводди сӯхт воридоти беш аз сад ҳазор метри мукаъаб газ зарур аст.

Вале ба далели қарзҳои ҷониби Тоҷикистон, ширкати "Узтрансгаз" дар чанд моҳи ахир интиқоли газро барои масрафкунандагони тоҷик борҳо маҳдуд карда, ва то 16 июн дар ҳар соат 12 ҳазор метри мукаъаб газ ворид мекард.

Шавкат Шоимов гуфтааст, ки қарзҳои ҷониби Тоҷикистон дар пайи напардохтани қиммати истифода аз гази табиӣ аз сӯйи масрафкунандагон дар кившар ҷамъ шудааст. Ба унвони мисол гуфтааст, ки ҳоло ширкатҳои "Барқи тоҷик" 9,6 млн. доллар, корхонаи сементи Душанбе 2,3 млн, корхонаи зарфҳои шишагии "Лаъл" 1,2 млн, "СомонСуғдгаз" 2,2 млн ва ширкати Талко 630 ҳазор доллар аз "Тоҷиктрансгаз" қарздоранд. Ин қарзҳо муддати ду соли ахир ҷамъ шудаанд ва талошҳои "Тоҷиктрансгаз" барои дарёфти ин қарзҳо то ҳол натиҷаи таъсирбахше дар пай надоштааст.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи музокироти ҳайатҳои ҳар ду давлат дар чорчӯби кори комиссияи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Душанбе, дар бораи тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳои "Тоҷиктрансгаз" барои гази воридотӣ тавофуқ шуда буд.

Дар ин санад ҷонибҳо мӯҳлатҳои пардохти ин қарзҳоро мушшахас карда буданд, вале ба гуфтаи масъулони "Тоҷиктрансгаз", онҳо натавонистанд маблағи заруриро ҷамъоварӣ кунанд.

Қарздори аслии Тоҷиктрансгаз ширкати "Барқи тоҷик" гуфта мешавад, ки гази табииро барои тавлиди нируи барқ дар фасли сармо истифода мекунад.

Ба ин далел ҳадс зада мешавад, ки "Барқи тоҷик" феълан наметавонад қарзҳои худ дар қиболи "Тоҷиктрансгаз"-ро пардохт кунад. Ба ин тартиб, чунин ба назар мерасад, ки воридоти комили гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ба зудӣ аз сар гирифта нахоҳад шуд.

Зимнан, дар соли ҷорӣ қарор буд, ки Тоҷикистон аз Узбакистон ҳудуди 550 млн. метри мукаъаб гази табииро бо қиммати 240 доллар барои ҳар як ҳазор метри мукаъаб харидорӣ кунад. Соле қабл ин қимат баробари 140 доллар буд.

Талошҳои ҷониби Тоҷикистон барои коҳиши қимати гази табиии воридоти аз Узбакистон дар пайи коҳиши баҳои он дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар аввали соли ҷорӣ натиҷае надод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97