Милисаҳои ОМОН ба ҳабси тӯлонӣ ҳукм шуданд

Хабари хуб 03.07.2009 17:06

Додгоҳи олии кишвар собиқ кормандони ОМОН-и вазорати корҳои дохиларо барои роҳзанӣ ва дуздӣ ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум кард.

Собиқ фармондеҳи ротаи ОМОН (Нируҳои таъиноти махсуси ВКД Равшан Ҳомидов ва собиқ сардори бахши навбатдории ин ниҳод Тоҳир Раҳимов барои 21 сол равонаи зиндон шуданд ва ҳамчунин молу мулкашон барои мусодира ҳукм шуд.

Аммо парвандаи ҷиноии роҳбари дастаи ғоратгар, собиқ корманди Раёсати нируҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии кишвар Таваккалхоҷа Низомов (писари Мирзохуҷа Низомов, собиқ қумандони ИНОТ), ки мавриди пайгард қарор дорад, ҷудогона аз парвандаи ҳамла ба казинои "Помир" мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Зимнан, аъмоли ин дастаи муташаккил замоне фош шуд, ки онҳо шаби 15-уми феврали соли ҷорӣ ба казинои "Помир" воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карда, 40 000 доллар ва мошини як муштарии казиноро ба рабурданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97