Хабари хуб

“Удав” ҷойгузини туфангчаи Макаров мешавад 14.01.2019 12:59 “Удав” ҷойгузини туфангчаи Макаров мешавад
Ширкати санъатии низомии Русия эълом кард, ки ба зудӣ туфангчаи ҷадид ба номи “Удав” ҷойгузини туфангчаи Макаров хоҳад шуд. Ин ширкати санъатии низомии Русия мегӯяд, ки оғози кори тавлиди туфангчаи “Удав”, ки қарор ....

Русия аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ будҷаашро ғанӣ мекунад 12.01.2019 09:50
Даромади будҷаи Маскав аз  ҳисоби патенти муҳоҷирони корӣ 12 дарсад боло рафта, ба 15 миллиарду 900 миллион рубл баробар шуд. Хабаргузории “Спутник” ба нақл аз суханони Владимир Ефимов муъовини раиси шаҳри Маскав гузириш медиҳад, ки тайи моҳҳои январ – ноябри соли 2018 даромади будҷаи шаҳр аз патенти муҳоҷирони корӣ 12 фоиз ....
Худдории Узбекистон аз қабули омӯзгорони рус 11.01.2019 15:29
Расонаҳои узбекӣ бо истинод аз изҳороти сафир Русия дар Тошканд мегӯянд, ки вазорати маъорифи Узбекистон аз даъвати омӯзгорони Русия ба кишвараш худдорӣ кардааст. Бино ба гузориши Спутник ба нақл аз Владимир Тюрденев сафир Русия дар Тошканд, вазорати маъорифи Узбекистон далели ин иқдомашро ба зиёд будани мактабҳои русӣ дар ин кишвар муртабит ....
Задухӯрди миёни ҷангиёни Доъиш ва Толибон дар Кунари Афғонистон 11.01.2019 13:56
Мақомоти вилояти Кунар мегӯянд, ки ҷангҷӯёни Толиб ва гурӯҳи Доъиш аз муддати як ҳафта бад-ин су дар яке аз дараҳои вулусволии Маногии вилояти Кунари Афғонистон бо ҳам даргири ҷанганд. Абдулғанӣ Мусаммим сухангӯи волии Кунар дар гуфтугӯ бо садои Амрико гуфтааст, ки дар ҷараёни ин даргирӣ ба ҳар ду тараф талафот ворид ....
Ҳинд ба иқтисоди Амрико зарба ворид мекунад 11.01.2019 12:38
Давлаи Ҳинд шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ 30 дар сад андози марбут ба маҳсулоти кишоварзии Амрикоро вазъ хоҳад кард. Ба гузориши “Спутник”, сар аз торихи 31 январи соли ҷорӣ Ҳинд 30 дар сад андозро ба маҳсулоти кишоварзии Амрико эъмол мекунад, ки ин афзоиши андоз ба ҳамон маҳсулот ба арзиши 857 ....
Дандоншӯяке, ки дар даҳ сония дандонҳоро пок мекунад 11.01.2019 12:01
Ин дандоншӯяки ҷадид то кунун таҳти озмоиш қарор дорад ва иҷозаи тавлидро то ҳанӯз нагирифтааст. Як ширкати фаронсавӣ дандоншӯякеро такмил додааст, ки фақат дар даҳ сония тамоми дандонҳоро пок мекунад. Ин асбоби соҳиби матори барқӣ, ки ба номи дандоншӯяки Y ёд мешавад, ба гуфтаи тарроҳони он нисфи дандонҳо, боло ё пойинро дар ....
Тоҷикистон ва Саъудӣ дар садади густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва молӣ 11.01.2019 10:49
Рӯзи гузашта Заробиддин Қосимӣ сафири фавқулъодда ва мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ба доктор Ҳамад ибни Сулаймон ал-Бозъӣ муовини вазири молияи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ анҷом дод. Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, тайи ин дидор масоили марбут ба тарҳҳои молиявӣ барои ҳимоят аз рушди соҳаҳои иқтисодӣ ....
Одобу русуми аҷибу ғариб, ки дар рӯзи таваллуд дар кишварҳои мухталиф роиҷ аст 10.01.2019 13:40
 Русия Дар Русия анъанаи ҷашни зодрӯз танҳо дар қарни 20 пайдо шуд. Ҷашн гирифтани рӯзи таваллуд, ё ба иборати дигар зодрӯз дар Русия ҳанӯз аз қарни 17-ум оғоз гардид. Дар ибтидо дар Русия рӯзи таваллудро подшоҳон ва наҷибзодаҳо ҷашн мегирифтанд. Каме баъдтар одамон “рӯзи ном”-ро дар ин кишвар ҷашн мегирифтанд, чунки онҳо рӯзи ....
“Амазон” бо арзиштарин ширкати тиҷорӣ дар ҷаҳон эътироф гардид 10.01.2019 10:25
Ширкати Амазон бо саҳҳомии ба арзиши 810 миллиард доллар, ба унвони бо арзиштарин ширкати тиҷоратӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Қаблан ин мақом ба ширкати “Майкрософт” таъаллуқ дошт, вале ҳоло ин ширкат бо 790 миллиард доллар саҳҳом дар мақоми дуввум қарор гирифтааст. Ширкати Амазон ба унвони ғӯли фурӯши молу хидматрасониҳои технологӣ тавассути интернет ....
Маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2018 ба ҳар сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомониро ташкил дод 10.01.2019 09:35
Маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2018 ба ҳар сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомонӣ, муъодили 803 долларро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2017 725 сомонӣ бештар аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон дар соли 2018, 68 миллиарду 844 миллион сомониро (7,3 миллиард доллар) ташкил додааст. Ҳамин тариқ давоми соли ....
Дар пайи қатъи парвозҳо: “Тоҷик Эйр” кормандонашро ба мураххасӣ фиристод 10.01.2019 09:03
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Масъулони "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст. Аммо кормандон аз он норозиянд, ки чанд моҳ боз маъош нагирифтаанд. Онҳо талаб доранд, аввал ҳаққи кори моҳҳои гузашта пардохт ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97