Дидори раҳбарони кишварҳои Осиё соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Хабари хуб 14.01.2019 12:09

Соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мулоқоти раҳбарони 27 кишвари минтақаи Осиё таҳти унвони Машварати ҳамкорӣ ва тадобири боварӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумуҳури муҳтарами Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвараш кумитаи махсуси ташкилиро таъсис дод, ки масъули баргузории мулоқоти кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад.

Бар асоси қарори мазкур, ҳамоиши сарони кишварҳои узви ин созмон, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 27 аъзо дорад, соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон раиси кумитаи ташкилӣ, Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи ин кишвар, муовин раиси кумитаи мазкур ва мақомдорони дигари кишвар ба ҳайати аъзо шомил мебошанд.

Раиси ҷумҳур масъулинро муваззаф кардааст, ки тамоми масоили ташкилӣ, аз ҷумла хароҷоти марбут ба баргузории мулоқоти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Ҳукумат пешниҳод кунанд ва худи ҳамоиш дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва ҳимояти СММ таъсис ёфта, дафтари марказияш дар Остона мебошад.

Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро дар бар мегирад. Ниҳоди олии тасмимгирандаи созмон ҳамоиши сарони кишварҳои узв мебошад, ки дар чор сол як бор баргузор мегардад.

РоҳбарииМашварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, феълан намояндаи Тоҷикистон Ҳабиб Мирзозода мудири иҷроияи МҲТБО мебошад.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97