“Удав” ҷойгузини туфангчаи Макаров мешавад

Хабари хуб 14.01.2019 12:59

Ширкати санъатии низомии Русия эълом кард, ки ба зудӣ туфангчаи ҷадид ба номи “Удав” ҷойгузини туфангчаи Макаров хоҳад шуд.

Ин ширкати санъатии низомии Русия мегӯяд, ки оғози кори тавлиди туфангчаи “Удав”, ки қарор аст ба унвони ҷойгузини туфангчаи Макаров қарор гирад, дар соли 2019 оғоз мешавад.

Як комиссия ба рӯи тавлид ва тарроҳии ин туфангча дар ҳоли тасмимгирӣ аст ва кори ин комиссия дар моҳи марти соли ҷорӣ ба поён мерасад.Пас аз он як саре аз ин силоҳҳо тавлид хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир тасмим гирифта мешавад, ки тавлиди ин силоҳи ҷадид дар кадом ширкатҳои санъатии низоми Русия, монанди “Вятские Поляны”, “Калашников” ва ЦНИИТОЧМАШ сурат гирад.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия да садади муҷаҳҳаз кардани артиши худ бо силоҳҳои ҷадид мебошад.

Манбаъ; https://tvzvezda.ru/news/opk/content/201901130928-oyhi.htm

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97