Тоҷикистон дар соли гузашта 446 ҳазор тонна маводи нафтӣ ба арзиши 310 миллион доллар аз хориҷ ворид кардааст.
Хабаргузории ТоҷикТа бо истинод аз агентии омори Тоҷикистон менависад, дар соли 2017 аз хориҷ ба Тоҷикистон 446 ҳазор тонна маводи нафтӣ ворид шудаас, ки ҳар як тоннаи он 696 доллар арзиш доштааст.
Воридоти маводӣ нафтӣ дар муқойса бо соли 2017 ба Тоҷикистон 20.7 ҳазор тонна ва ба арзиши 44.9 миллион доллар афзоиш ёфт.
Русия содиркунандаи аслии маводи нафтӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад, Ҳамчунин Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ба Тоҷикистон маводи нафтӣ ворид кардаанд.