Фарҳанг ва адаб

К-аз баҳри тиҳӣ гуҳар наояд 13.06.2014 17:01 К-аз баҳри тиҳӣ гуҳар наояд
  Ҷӯрабек Назриев,   Узви вобастаиАкадемияи илмҳои ҶумҳуриТоҷикистон   Узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон       (ё сухане чанд аз адабу адабиёт)   Шунидам, ки баъди марг ба номи фалон узви Иттифоқи нависандагон кӯчае ва мактабе номгузорӣ шудааст, зеро ин ....

Эм ва эмкунӣ, дуруст нест, тоҷикӣ ҳам нест 07.04.2014 14:45
Ҳамчунон ки маълум аст, вожаи эм (дар алифбои лотинӣ барои забони ӯзбекӣ -em) бунёди туркӣ дошта, нахуст ба забони шифоҳӣ ва баъдан ба сабки навиштории тоҷикӣ, ҳамчун як вожаи барои забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ баробармаъно маъмул ва роиҷ гардидааст. Вожаи эм дар забони ӯзбекӣ дар ин маъниҳо ба кор меравад: ....
"Аз паша фил насозед" ва Тоҷикро ба Наврӯз зид нагузоред 26.03.2014 15:44
Ё эътиқоди Берунӣ ва Балъамӣ ба ислом аз домуллоҳои мо кам набуд Миллатҳои мутамаддин арзишҳо ва сарватҳои моддиву маънавии худро тӯли ҳазорсолаҳо зина ба зина ва марҳила ба марҳила эҷоду сайқал дода, онҳоро ба наслҳои минбаъда мерос гузоштаанд. Ин сарватҳо аз унсурҳои гуногуни арзишӣ ба мисли ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маънавиёт, иҷтимоиёт, иқтисод, ....
Ҳафт шин 24.03.2014 12:04
Ё нахустин рамзҳо ва суннатҳои Наврӯзи аҷам Зуҳури Наврӯзи Аҷам ба нахустин подшоҳи Пешдодӣ Каюмарс марбут аст. Каюмарс бори нахуст дар рӯи олам ҳукмронии подшоҳиро падид оварда, ба ҷашну сурҳои гуногун, аз ҷумла Наврӯз асос гузошт. Чуноне маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, аввалин шахсе, ки Наврӯзро дарёфт кард. Каюмарси бузурги пешдодӣ аст. ....
"Миллат" ҷойизаи Вазорати фарҳангро гирифт 20.03.2014 14:05
Қадрдонӣ аз заҳмати рӯзноманигорон дар рӯзи матбуъоти миллӣ Вазорати фарҳанг, Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иддае аз нашрияҳо, хабаргузориҳо ва хабарнигорони кишвар ҷоизаҳое тақдим карданд. Ин ҷоизаҳо дар маросиме бошукӯҳ дар иртибот бо Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри сешанбеи 11 март дар бинои театри Абулқосим Лоҳутӣ ....
Ду қолаби ғайримеъёрӣ дар забони меъёр 13.03.2014 15:27
Додихудо Саймиддинов Корбурди ду таркиби мутародифи «аз афти кор» ва «аз афташ»,  ки дар бархе аз гӯишҳои тоҷикӣ мавриди истифода буданд, дар забони меъёр тақрибан аз солҳои 50-уми асри XX мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин ду таркиб на дар порсии дарӣ, на дар забони форсии Ирон, на дарии Афғонистон ва ....
Патёрагони вомонда бар бошгоҳи танаъум 26.02.2014 18:27
Ё ҳайфо, ки дарди пинҳон хоҳад шуд ошкоро Мавҷи пурпечу тоби зиндагӣ чунон шароите ба вуҷуд меорад, ки таҳти он шароит ҳич касе наметавонад чеҳраи аслии худро пинҳон кунад. Бале, таҳаввулоти чанд ҳафтаи ахир чеҳраи бархеҳо ва баъзе аз расонаҳоро ба ҳамин сурат урён ва қобили диданӣ ҳам кард. Дар аввали ....
Сафарбеки Солеҳ: Беоянда мешавем… дар дифоъ аз куҳаншаҳр 17.02.2014 15:42
Сафарбеки Солеҳ Душанбе, Дарахтҳои баланд, ки ҳамсоли шаҳранд, Хонаҳои қадим, Пасту куҳна, Яктабақа дутабақа… Манзилҳои хотираву дард, Шодиву набард, Ки бо сад умед Бобоёни мо бунёд кардаанд… Ин ҷо бори аввал Тоҷик давлат ёфт Тоҷик миллат шуд.   Ҳанӯз ҳам ин ҷо Овози Шириншоҳ, Махдуми Нусрат, Комили Ёрмат, Нисори Муҳаммадро мешунавам. Ки баҳри имрӯзи ин сарзамин ҷон додаанд, Ва сад дареғ, ки як кафи хоке барои қабри ....
Барфӣ 20.01.2014 09:37
ё зимистони деҳаи зодгоҳам Зуворак Зимистон. Зимистони кӯҳистон. Ду рӯзу шаб пай дар пай барф меборад. Замину замон - кӯҳу пушта, талу теппа, дарахтону манзили кӯҳистониён - ҳамаю ҳама қабои сап - сафеду покизаи барфиро ба бар кардаанд. Резаҳои калон-калони барф вазнин-вазнин, бо кундӣ ва бо таъаллул, вале бо як виқор ба ....
СИПОС-ТАШАККУР-РАҲМАТ 21.11.2013 16:19
кадомеро бигӯем Аз ин се вожа ду вожаи нахуст (сипос ва ташаккур)дар форсӣ, тоҷикӣ ва дарии Афғонистон ба кор рафта, аммо вожаи "раҳмат" махсуси забонитоҷикӣ ва забонҳои турки Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Ин вожа дар осори муштараки порсии дарӣ ё форсии классик дар муқобили "сипос" ва "ташаккур" корбурд надорад, ки дар ....
Шаҳзода ва қаҳрамони чандлаҳзаинаи Русия 23.10.2013 22:23
Ба ҷои сарсухан Агар ин намоиши "Пусть говорят" ("Бигзор бигӯянд" -и Андрей Малахов як шоуи навбатӣ мебуд, мо онро метавонистем нодида гирем. Аммо ин дафъа барномаи ӯ "Ишқи аввалин ва охирин" таҷассум-гари воқеъияти ду кишвар гардид, ки масофаи зиёде онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунад, вале қонуни нонавиш-таи хеле сангини зиндагӣ намегузо-рад, ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97