"Миллат" ҷойизаи Вазорати фарҳангро гирифт

Фарҳанг ва адаб 20.03.2014 14:05

Joizai MillatҚадрдонӣ аз заҳмати рӯзноманигорон дар рӯзи матбуъоти миллӣ

Вазорати фарҳанг, Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иддае аз нашрияҳо, хабаргузориҳо ва хабарнигорони кишвар ҷоизаҳое тақдим карданд.

Ин ҷоизаҳо дар маросиме бошукӯҳ дар иртибот бо Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон, ки баъд аз зуҳри сешанбеи 11 март дар бинои театри Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуд, супурда шуданд.

Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, зимни ироаи паёми шодбош аз рӯзноманигорони нашрияю расонаҳои давлатию мустақил даъват кард, ки даст ба дасти якдигар дода, барои таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани худшиносии миллӣ дар ҷомеъа ва рушди демократия дар кишвар хидмат кунанд.

Вазири фарҳанг ба Одина Мирак, Бахтиёр Муртазоев, Назокат Маҳмудова ва собиқадорони матбуъоти тоҷик ҷоиза ва кумакҳои пулӣ тақдим кард.

Ҳамчунин, нашрияҳои давлатию мустақил, хабарнигорон ва интишорот бо ҷоизаҳои Вазорати фарҳанг, Ожонси мубориза бо фасод ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Вазорати фарҳанг ба "Миллат", "СССР", "Озодагон" ва … низ ҷойиза супурд.

Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба Сипеҳри Кароматулло ва Масири Бойзода, донишҷӯёни соли панҷуми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолияти донишҷӯӣ ва ҳамкорӣ бо нашрияҳо ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрориро тақдим кард.

Дар поёни маросим барандагони ҷоизаи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ эълом гардид.

Дар бахши телевизиён Моҳсафар Яҳёзода ва Ғайратшоҳи Аҳмадшоҳ, хабарнигорони Шабакаи аввали телевизиёни давлатии Тоҷикистон, дар бахши радиё Амирхон Зарифӣ, хабарнигори радиёи давлатии Тоҷикистон, дар бахши матбуъот Ҳусейни Назрулло, хабарнигори Садои мардум, ва дар бахши таҳқиқоти журналистӣ Миралим Ҷӯраев барои мақолаи «Аз Бухоро то Самарқанд» барандаи ин ҷоиза шуданд.

Пас аз касби истиқлол рӯзи 11 март, таърихи оғози чопи нашрияи Бухорои шариф дар соли 1912, нахустин нашрияи тоҷикӣ Рӯзи матбӯъот дар Тоҷикистон эълом шуд.

Табрикоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати "Рӯзи матбуот"

Вазорати корҳои хориҷӣ шуморо бо иди касбиатон "Рӯзи матбуот" аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба шумо пеш аз ҳама тандурустиву рӯзгори ободро таманно дорад.

Матбуоти тоҷик нақши муҳим ва муассирро дар рушду нумӯи кишвари азизамон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мебозад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки шумо намояндагони ВАО имрӯз рисолати хешро дар ҷодаи расонидани иттилоот, инъикоси дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷомеаи мо ва ҳифзи манфиатҳои мардум ва миллии Тоҷикистон поквиҷдона ва бо масъулият иҷро карда истодаед.

Умедворем, ки ҳамкориҳои мутақобилаи мо минбаъд низ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дӯстона идома меёбанд.

Бори дигар аз фурсат истифода карда, ба шумо иқболи неку толеи баланд ва дар фаъолияти касбиатон муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамоем.

Табрикоти Раиси Кумитаи дин бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Табрикоти Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Бо арзи салом ва қадрдонӣ ҳамаи Шумо - рӯзноманигорони азизро ба муносибати фарорасии 102-юмин солгарди таъсиси аввалин нашрия бо забони ноби тоҷикӣ -"Бухорои шариф" муборакбод гуфта, бароятон комёбиҳои эҷодӣ ва саодатмандии ҳаётро таманно дорам.

Имрӯз воситаҳои ахбори умум дар ташаккули раванди рушду тараққиёти ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши созовор дошта, саҳми он дар инъикоси дастовардҳои давлати тозаистиқлоли мо, гиромидошти фарҳангу анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба марзу буми бобоӣ хеле барҷаста мебошад.

Боварӣ дорам, ки Шумо - рӯзноманигорони арҷманд минбаъд низ бо нашри матлабҳои хеш дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, татбиқи нақшаву ҳадафҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди минбаъдаи кишвари азизамон нигаронида шудааст, саҳми сазовори хешро хоҳед гузошт.

Идатон муборак!

Табрикоти Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамродар Рӯзи матбуот

Мӯҳтарам рӯзноманигорон ва намояндагони Воситаҳои ахбори омма

Бо арзи сипосу самимият Шуморо бо рӯзи таъсисёбии матбуоти тоҷик самимона муборакбод намуда, бароятон сиҳатию саломатӣ, файзу таровати зиндагӣ ва дар оғози фасли баҳор сарсабзию сарбаландӣ таманно дорам.

Матбуоти тоҷик дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва маданӣ-варзишӣ нақши назаррас дошта, имрӯз ҳайати эҷодии он дар инъикоси дастовардҳои Истиқлолият, тараннуми арзишҳои олии давлату миллат, таҳкими суботу оромӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва некуаҳволии сокинони кишвар мавқеи хоса дорад.

Маҳз дастгирӣ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз матбуоти тоҷик яке аз пешрафтатарин матбуот на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки собиқ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб рафта, бо озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ дар рафъи камбудиҳои ҷомеа ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузорад.

Бори дигар, кулли намояндагони матбуоти тоҷикро бо ин санаи хотирмон табрику таҳният намуда, дар эҷод ва табъу нашри маводҳое, ки барои таҳкими амнияту осоиштагии ҳаёти шаҳрвандон, рушду шукуфоии Ватани азизамон ва корҳои бунёдкорию созандагӣ равона гардидааст, барору комёбӣ таманно менамоям.

Идатон муборак!

МАТБУЪОТ МАСҶИДУ МЕҲРОБИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ОИНАИ АФКОРИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ,

МАТБУЪОТ АНДЕШАИ ЗЕБОИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ЗУЛОЛАИ НОМУСИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ,

МАТБУЪОТ САРПАРЧАМИ ДЕВОРИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ДИЛДОДАИ БЕДОРИИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ МУЖДАИ ХУНИ ШАҲИДОНУ АЗИЗОНИ ВАТАН,

МАТБУЪОТ САҶҶОДАИ ҒАЛТОНИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ХУШОБ МЕСОЗАД ЛОЛАИ САБЗИ ҚАЛАМ,

МАТБУЪОТ МАЗРАЪИ ГУЛОБИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ АЗ ШОНАИ АҲЛИ ҚАЛАМ ХУШМАНЗАР АСТ,

МАТБУЪОТ МАСҶИДУ МЕҲРОБИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ГАНҶИНАИ ЛУТФИ БАҲОРИ БЕХАЗОН,

МАТБУЪОТ ХОНАИ АНДЕШАИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ КОШОНАИ ҲУСНИ ДИЛОВЕЗИ ҚАЛАМ,

МАТБУЪОТ ТАРҒИБГАРИ ҲУСНИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ШАМШЕРУ ТЕҒУ НАЙЗАИ АҲЛИ ҚАЛАМ,

МАТБУЪОТ САРПАНҶАИ ФУЛОДИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ОШКОР СОЗАД ШЕВАҲОИ ДЕВУ ДАД,

МАТБУЪОТ ҶОДАИ САРБОЗИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!

МАТБУЪОТ ПОК АСТУ АЗ ПОКОН МЕДОРАД ДИФОЪ,

МАТБУЪОТ АНДЕШАИ ВОЛОИ МИЛЛАТ БУДУ ҲАСТ!!

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97