Барфӣ

Фарҳанг ва адаб 20.01.2014 09:37

ё зимистони деҳаи зодгоҳам Зуворак

pamir006Зимистон. Зимистони кӯҳистон. Ду рӯзу шаб пай дар пай барф меборад. Замину замон - кӯҳу пушта, талу теппа, дарахтону манзили кӯҳистониён - ҳамаю ҳама қабои сап - сафеду покизаи барфиро ба бар кардаанд.

Резаҳои калон-калони барф вазнин-вазнин, бо кундӣ ва бо таъаллул, вале бо як виқор ба замин мешинанд, лаҳзае мисли ҳаштпо хазида, ором мешаванд ва рӯи ҳам мехобанд. Фарроши Табиат аз Осмон барфро ба сӯи Замин мерӯбаду Фармонфармои фасли зимистон чун як марди меҳнатӣ, бо як фидокорӣ, бо як ҷиддият ва маҳорати фавқулъодда рӯи фарши заминро бо сангчаҳои рез-рези барфӣ девор мекашад. Девори бекарони барфӣ оҳиста-оҳиста қад мекашаду қад мекашад, баланд мешаваду баланд мешавад… То як метр, то якуним метр ва дар чуқуриҳою шебиҳо бо вазиши бод, ҳатто то се метр барф ҷамъ мешавад… Табиати афсункор бо ҳукми Парвардигор муваззаф аст дар ин фасл либоси сафедро ба муҳит бипӯшонад… Беист қатра бар қатра зам мешавад. Реза болои реза ҷамъ мешаваду сели азими барф аз осмон ба замин интиқол меёбад… Ва як садои хафиф, як садои мармуз, як садои аҷиби фақат барои мушоҳидакор шунавои бориши барф шунида мешавад. Ин дунёи пур аз барф, ин ранги сафеди рамзи покию покизагӣ, ин дунёи мармузу пурасрори фасли Зимистон садои хос ва ҳатто бӯи махсус дорад. Ва Табиат дар ин фасли сол вазнинтар, сахтгиртар, ҷиддитар мешавад ва бар шаҳомоту салобаташ низ меафзояд. Иродаи Парвардигор, хости Ӯ чунин аст. Зеро фасли сардию хунукӣ ҷиддияту сабру бардоштро тақозо мекунад. Зеро зимистони кӯҳистон сабукию сабукрафторию сабукфикриро намеписандад. Барф мебораду меборад… Хоросангҳои гирду атрофи хона ва дуртар аз манзили мо низ кӯрпаи барфиро болои сар кашидаанд. Гӯӣ ин ки мавҷудоти азимҷуссае зери кӯрпаи ғафси барф қӯз карда ба хоб рафтаанд ва инак мӯъҷизае рух медиҳаду онҳо кӯрпаи барфиро аз сарашон дур карда мехезанд. Мехезанду ба роҳ меуфтанд ба сӯи кӯҳ… Аммо мӯъҷиза рӯй намедиҳад…

Ҷо-ҷои хоросангҳо дар қисмати хеле амудии онҳо танашон урён аст ва сиёҳӣ метобад. Ҷойҳои урёни хоросангҳо шабиҳи лаккаҳои сиёҳ дар матоъи сап-сафед ҳастанд.

Оромӣ ва сукути пурасрори муҳити кӯҳистонӣ ҳукмфармост. Аммо ин оромӣ нисбӣ аст…

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97