Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ба таблиғоти густардае дар заминаи ҷилавгирӣ аз бемории зуком (грипп) оғоз кардаанд.>
Гуфта мешавад дар ҷараёни ин таблиғот аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ барои ташвиқи мардум ба ҳифзи беҳдорӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши зуком дар Тоҷикистон истифода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Ҳонгвей Гао, раиси дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ин ниҳод ҳазинаи иҷрои ин барномаро ба маблағи 120 ҳазор доллар ба уҳда гирифтааст. Ҳадафи ин тарҳ огоҳ сохтани сокинони кишвар аз хатарот ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ибтило ба зуком унвон мешавад.
Дар тӯли иҷрои ин барнома, ки дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон як моҳ идома хоҳад дошт, тавассути расонаҳои гурӯҳӣ матолиби таблиғотӣ пахш хоҳанд шуд. Ҳамчунин, бо мушорикати чеҳраҳои мазҳабӣ ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ мулоқотҳое бо сокинон баргузор мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Аъзам Мирзоев, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ҳамасола дар ин кишвар ҳудуди 300 ҳазор мавриди ибтило ба бемориҳои сироятии ношӣ аз сардӣ сабт мешаванд.
Вай афзуд: «Танҳо дар шаш моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 162 ҳазор мавриди ибтило ба бемориҳои ношӣ аз сардӣ ва 16 ҳазор мавриди ибтило ба зуком ошкор шудааст. Бештари мубталоён кӯдакони зери 14 сол мебошанд.»
Барномаи муштараки вазорати тандурустӣ ва Сандуқи Кӯдакони СММ дар ҳоле оғоз мешавад, ки бо фарорасии фасли тирамоҳ ва сард шудани ҳаво мавсими тозае аз ибтило ба сармохӯрдагӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ мешавад.