Инфиҷор дар дискотекаи «Дӯстӣ»

Хабари хуб 07.09.2010 18:25

Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, ки инфиҷор дар маркази дилхушии «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе «амали террористӣ нест».

Ин дар ҳолест, ки дар пайи инфиҷори шаби гузашта дар ин маркази дилхуш ҳудуди ҳафт нафар ҷароҳат бардоштаанд. Чанде пеш манобеъи милитсияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар робита ба ин инфиҷор ду фарди гумонбар боздошт шудааст.

Кумитаи аманияти миллӣ мегӯяд, ки ҳодисаи инфиҷор соати 23:45 -и панҷуми сентябр дар пайи амали авбошонаи чанд нафар ва бо истифода аз маводди пиратехника сурат гирифтааст.

Ин кумита хабар додааст, ки дар пайи инфиҷор чаҳор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Қаблан, расонаҳо гузориш карданд, ки ин ҳодиса ба унвони амали террористӣ мавриди таҳқиқи ниҳодҳои амниятӣ қарор гирифта ва дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва дар маҳалли ҳодиса пораҳое аз мавод ва таҷҳизоти мунфаҷира кашф шудааст.

Манобеъи милитсияи кишвар гуфтаанд, ки ҳодисаи инфиҷор дар ин марказ ҳудуди соати 12 шаб рух додааст ва ҳудуди даҳ нафар ба бемористон бурда шудаанд. Вазъи саломатии се нафар вахим арзёбӣ мешавад.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97