Эҳтимоли гирифтории 200 зиндонӣ ба сил

Хабари хуб 27.08.2010 17:55

Аз 1 то 22 августи соли ҷорӣ ҳудуди ҳафт ҳазор зиндонӣ дар маҳбасҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Ёвон ва Норак мавриди муъоянаи флурографии пизишкон қарор гирифтаанд.

Дар натиҷа, нишонаҳое аз бемории сил дар 210 зиндонӣ ба мушоҳида расида, вале барои таъйиди ин ки ин афрод дарвоқеъ ба бемории сил мубтало ҳастанд ё хайр, оби даҳони ин афрод мавриди озмоиши микрускупӣ қарор мегирад.

Ба гуфтаи манобеъи Барномаи Тавсеъаи СММ, озмоиши флуорографии зиндониён дар Тоҷикистон ба василаи таҷҳизоти сайёре, ки бо сармояи ин созмон харидорӣ шуда буд, анҷом ёфтааст.

Дар ин тадбир пизишкону коршиносони Маркази мубориза бо бемории силли Тоҷикистон ва тарҳи муқобала бо силли Барномаи Тавсеъаи СММ бо машварат ва кумакҳои фаннӣ саҳм гузоштаанд.

Қаблан, дар миёни гурӯҳҳои осебпазир аз ҷумлаи зиндониёни Тоҷикистон таҳқиқот ва озмоише дар заминаи мизони ибтило ба вируси камбуди масунияти инсонӣ (ВИЧ ё HIV) анҷом шуда буд.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97