207 мавриди худкушӣ дар Суғд дар 7 моҳи соли ҷорӣ

Хабари хуб 27.08.2010 17:32

Тайи 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон 207 қасди худкушӣ сабт шудааст. Ин рақам нисбат ба 136 мавриди тайи ҳамин давраи соли гузашта сабтшуда дар шимоли Тоҷикистон беш аз 50 дарсад бештар будааст.

38 нафар бо истифода аз доруву заҳр ва 4 тан бо роҳи худсӯзӣ даст ба ҷони худ зада, 5 нафар худро ғарқ кардаанд. Вале аз се ду ҳиссаи ин афрод, яъне 136 нафар, барои худкушӣ аз ҳалқаи дор истифода бурдаанд.


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97