Масъулони яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа занону духтарони ҳиҷобпӯшро дастур додаанд, ки дар бозор минбаъд бидуни ҳиҷобу рӯсарӣ ба кор машғул шаванд.>
Дар бозори мавсум ба "Фаровон", ки батозагӣ хусусӣ карда шудааст, теъдоди зиёде аз занону духтарони фурӯшанда кор мекунанд, ки бар сар рӯсарӣ ё ҳиҷоб доранд.
Ҳайдаралии Шерхон, муъовини раиси бозори "Фаровон", мегӯяд онҳо пас аз боздиди Ғайбулоло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ва назоратҳои мукаррари мақомоти маҳаллӣ, ки "нисбат ба занони ҳиҷобпӯш ишораҳое" доштанд, аз занон хоҳиш кардаанд, ки дигар ҳиҷоб ё рӯсарӣ напӯшанд.
Вале ба гуфтаи вай, дар ин замина ҳануз ҳеч гуна тасмими расмӣ гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи бархе аз фурӯшандагони бозор, мақомот ба занони ҳиҷобпӯш гуфтаанд, ки дар муҳлати кӯтоҳ тарки ҳиҷоб кунанд, вагарна аз ҷойҳои кории худ, яъне дуконҳои фурӯши колоҳояшон, маҳрум мешаванд.
Дар баробари ин, иддае аз занони ҳиҷобпӯш дар бозори "Фаровон" гуфтаанд, ки дар сурати фишор овардани мақомоти бозор барои тарки ҳиҷоб онҳо даст ба тазоҳуроти эътирозӣ хоҳанд зад.
Дар ҳамин ҳол, масъулони дафтари маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистоен дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар рӯзҳои ахир теъдоди зиёде аз занони фурӯшандаи ҳиҷобпӯш бо суолоти зиёди динию ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиъа кардаанд.
Қарор аст фаъолони ин ҳизб дар кӯтоҳтарин фурсат саволу дархостҳояшонро дар ин замина ба масъулини бозору кумитаи занон ва дигар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон ироа кунанд.