Роҳи Душанбе-Хоруғ баста шуд

Хабари хуб 12.08.2010 15:13

Аз сабаби баланд шудани оби дарёи Панҷ дар мавзеъҳои Шкев-Зиғару Ҷорфи ноҳияи Дарвоз ва қисме аз деҳаҳои Ванҷ ва Шпади ноҳияи Рӯшон роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ баста шуд.

Тавре дар ин бора аз Иттиҳодияи истеҳсолии «Бадахшонроҳ» иттилоъ додаанд, ҳаштуми моҳи август бар асари обхезии рӯдхонаи Панҷ дар мавзеъҳои номбурда роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ баста шуд.Ҳамчунин, ин манбаъ афзудааст, ки дар роҳи Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъҳои Ниводаки шаҳри Хоруғу мавзеи Ғожаки ноҳияи Шуғнон роҳро об зер карда, ин ҷо низ роҳ маҳкам гаштааст. Бар асоси иттилои ин манбаъ кулли техникаи идороти роҳсозии навоҳии Дарвоз, Ванҷ Рӯшон, Ишкошим қувваашонро ба он равона кардаанд, ки ҳар чӣ тезтар роҳро тоза намуда, харакати нақлиётро ба танзим дароранд.

Тавре гуфта мешавад ҳафтаи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ як микроавтобуси чинии маъруф ба «Тангем», ки дар дохили он 8 нафар сокинони ноҳияи Ванҷ, ки аз Душанбе ба самти Ванҷ ҳаракат доштанд, дар қисмати роҳҳои ноҳияи Нуробод то ноҳияи Тавилдара бедарак гаштааст ё ба баъзе тахминҳо ба дарё сарозер шудааст. Инчунин бар асоси иттилои сокинони ноҳияи Ванҷ боз як мошини мусофирбар аз ин ноҳия аз сабаби обхезӣ ба садама дучор шудааст, ки баъди ҷустуҷӯйҳои зиёд мусофирони он аз об берун оварда шудаанд. Феълан тибқи гуфтаи сокинони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз шиддати обхезӣ поин нашудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97