Фаттоҳ Саидов: Ниҳодҳои фасодзадаро эълом кард

Хабари хуб 05.08.2010 15:39

Фаттоҳ Саидов раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин Оҷонсӣ вазорати маорифи кишварро фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ унвон кард. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод, ба хабарнигорон гуфт, тайи ним соли равон дар вазорати маориф 36 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси ин Оҷонсӣ ба хабарнигорон гуфт, 7 устоди донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани ришват аз сӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди кишвар боздошт шудаанд.

Аз ҷумла як устоди Донишгоҳи тиббӣ бо ҷурми ришватситонӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар, як декани донишгоҳи Қӯрғонтеппа - бо 3 ҳазор ва як устоди Донишгоҳи техникӣ бо 3,2 ҳазор доллар боздошт шудаанд:

"Рости гап, мо ҳам андеша мекунем, ки барои сабзонидани як одам дар соҳаи маорифу тандурустӣ то сатҳи номзаду доктори илм солҳо ва заҳмати зиёд даркор аст. Аммо онҳо бисёр сӯъистифода мекунанд. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳаққи воридшавӣ ё "ставка" дар донишгоҳҳо чӣ қадар боло рафтааст, то 15-20 ҳазор! Мо беасос гап намезанем. Ҳолатҳо дар дастамон ҳастанд. Парвандаҳои ҷиноӣ идома доранд. Худи ҳамон ашхос дар маҳбасанд".

Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон афзуд, устодон усули гирифтани ришваро хеле мураккаб кардаанд ва онро аз дасти саввуму чорум мегиранд, аммо ниҳодаш аз ин тағйирот огоҳ аст.

Дар ин нишасти хабарӣ Вазорати тандурустӣ низ аз фасодзадатарин ниҳодҳо унвон шудааст. Фаттоҳ Саидов, соҳаҳои маорифу тандурустиро фасодзадатарин соҳоти Тоҷикистон унвон кард. Тибқи иттилои ӯ, тайи ним соли ахир дар вазорати маорифи Тоҷикистон 36 ҷиноят, умдатан марбут ба "изофанависӣ" ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи 700 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо 34 ҷиноят дар зинаи дуввум меистад. Рӯйхати Оҷонсиро вазорати тандурустӣ бо 25 ҷиноят, вазорати саноат - 25, вазорати об - 21, кумитаи заминсозӣ ва геодезия - 18, вазорати дифоъ - 11, хадамоти гумрук - 10 ва додситонӣ - 9 ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо - бо 59 ҷиноят идома медиҳанд. Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тайи ним сол 3 ҷиноят ошкор шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97