Як автомашинаи чинии маъруф ба тангем, ки санаи 26 июл ба самти ноҳияи Ванҷи ВМКБ сафар мекард дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ба таври асроромез ғайб задаст. Тибқи иттиллои хешу табори мусофирон дар дохили Тангем 8 ё 9 нафар сокинони ноҳияи Ванҷ буданд, ки аз ин шумора се нафарашонро тифлони то 12 сола ташкил медодаанд.
Тавре хабарнигори «Миллат» Ниҳонӣ Қадамова аз ноҳияи Ванҷ хабар дод яке аз наздикони мусофирон гуфтааст, ки охирин бор онҳо аз ноҳияи Нуробод ба хонаашон занг задаанд. Аз замони занг задан то ҳол ҳеҷ гуна иттилои дигаре дар мавриди ин автомашина ва сарнавишти мусофирони дохили он ба даст наомадааст. Гуфта мешавад, ки мусофирон ҳамаги сокинони ноҳи Ванҷ будаанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки то ба ҳол ягон маълумоти аниқе дар даст нест. Танҳо ҳамин қадар медонем, ки онҳо дидбонгоҳи Роғунро гузаштаанд ва дар он ҷо ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин бештар ҳеҷ иттилое надорем. Ҳоло ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Ванҷ дар ин минтақа кофтукобро давом дода истодааст.
Тахминҳо зада мешавад, ки гӯё ин автомашина ба дарёи Хингоб сарозер шуда бошад. Муовини қисми навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ Бахтиёр Ҳасанов ба «Миллат» гуфт, ки то ҳол ҳеҷ гуна иттилоъ дар мавриди сарнавишти ин мусофирон пайдо накардаанд. Дар соли ҷорӣ ин дуввумин ҳодисаест, ки сокинони ноҳияи Ванҷ ба таври асроромез дар ин роҳ ғайб мезананд. Ҳафта пеш дар ин шоҳроҳ сокини ванҷиасли Душанбе Масрур Мирумадов дар мавзеи Пошхарви ноҳияи Дарвоз аз автомашинаи «Камаз» поён шуда ба таври асроромез ғайб задаст.