5 устоди мактабҳои олӣ бо пора дастгир шуданд

Хабари хуб 22.07.2010 17:47

Ҳамасола бо оғози мавсими қабули довталабон ба макотиби олӣ дастгир шудани баъзе аз устодон аз ҷониби кормандони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия расм шудааст. Имсол то кунун 5 нафар бо ин ҷурм боздошт шудааст.

Тавре «Ховар» хабар додааст, бино ба гуфти сардори Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Файз Султонов, дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 5 нафар омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят бо гуноҳи гирифтани пора ба даст афтодаанд.

Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҷойнишини декани факултаи информатикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Ҷалол Ҳакимов барои ба гурӯҳи буҷавии шӯъбаи рӯзонаи факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур қабул намудани довталаб Хурсанд Маҳмадалиев 1700 ва ба гурӯҳи буҷавии шӯъбаи рӯзонаи факултаи информатика қабул намудани Нуралӣ Одинаев 1500 доллари амрикоӣ талаб намуд.

Кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон тибқи гузаронидани як амалиёти фаврӣ ҳангоми гирифтани пора Ҷалол Ҳакимовро дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нисбати боздоштшуда аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаи 319 қ.2 ( аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора) - и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода тафтиш мебарад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97