Молиёти аксизӣ барои телефони мобилӣ

Хабари хуб 22.07.2010 17:46

Пешниҳоди роҳандозии молиёти аксизии 3 дарсадӣ барои истифода аз телефонҳои ҳам¬роҳ дар Тоҷикистон боиси норизоятии мардум ва ширкатҳои телефонӣ шудааст. Ин навъи молиётро бояд муштарӣ ё дорандаи телефанӣ ҳамроҳ пардохт кунад. Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ин иқдоми вазорати нақлиёт ва коммуникатсияро муғоир ба қавонини Тоҷикистон хондааст.

Ғафур Эркаев гуфтааст, ки ин масъала қабл аз баррасӣ дар парлумон бояд мавриди баҳси мутахассисон ва кумитаҳои парлумон қарор бигирад: - «Андози аксизӣ ё молиёти аксизӣ аз анвои колоҳое ситонида мешавад, ки муҳитро олуда месозанд. Барои мисол бензин, солярка, мазут, нӯшиданиҳои спиртӣ, сигарет ва ғайра, ки ситонидани молиёти аксизӣ барои коҳиши масрафи он аз сӯи мардум аст. Ситондани молиёти аксизӣ аз телефон дар дигар кишварҳо роиҷ набуда, ҳеҷ кишвари дунё ҳоло барои истифода аз телефони ҳамроҳ молиёти аксизӣ ҷорӣ накардааст».

Ин дар ҳолест, ки масъалаи роҳандозии андози аксизӣ барои истифода аз телефонҳои ҳам¬роҳ соли 2007 низ аз сӯи Бек Зуҳуров, муовини вазири нақлиёт ва комуникатсия матраҳ шуда буд. Аммо ба далели ғайри ҳирфаӣ будан, он пуштибонӣ наёфт. Вале дубора матраҳ шудани ин масъала ба он рабт дорад, ки ахиран раиси ҷумҳур бар афзоиш ва воридоти ҳангуфти ширкатҳои телефонии ҳамроҳ таъкид кард ва зиёни телефони ҳамроҳ ба вазъи иҷтимоӣ ва саломатиро матраҳ намуд. Пас аз ин шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба мавзӯъи зарари телефон пардохтанд. Аммо ин ки худи ин барномасозони телевизион аз истифодаи телефони мобил даст кашидаанд ё не, муаммост. Ба ҳар ҳол аксари коршинос ситонидани чунин навъи андозро бар зарари муштариён маънидод кардаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97