Бонки ҷаҳонӣ беш аз 25 миллион доллар дод. камбағалӣ рафъ мешавад?

Хабари хуб 08.07.2010 16:39

Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, барои коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон 25,4 миллион доллар ба кишвар кӯмак кунад. Созишномаи кӯмакро раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Мото Канишӣ ва вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов рӯзи 7 июл дар Душанбе имзо карданд.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар маросими имзои ин созишнома гуфт, ин маблағи грант барои идомаи ислоҳот ва роҳандозии барномаи давлат барои поён овардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар истифода хоҳад шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба буҷаи кишвар ворид хоҳад шуд.

Ин чорумин грант ва ё кӯмаки бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии барномаҳои ислоҳотиии Тоҷикистон ва коҳиши камбизоатӣ аст.

Қаблан, моҳи маи соли ҷорӣ, Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкориаш бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013-ро баррасӣ кард, ки ироаи 140 миллион доллар тавассути Иттиҳодияи рушди байналмилалӣ ва 62 миллион доллари дигар аз тариқи сандуқҳои дигари молиро дар назар дорад.

Мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Мото Канишӣ гуфтааст, Тоҷикистон дар роҳи ҳимояти мардумаш аз пайомадҳои бӯҳ¬рони ҷаҳонӣ ба мушкилоти бузурге рӯбарӯст ва Бонки ҷаҳонӣ ба соҳаҳои мухталифи рушди Тоҷикистон, аз ҷумла такмили низоми идорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя кӯмак хоҳад расонд.

Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1993 ба Душанбе беш аз ним миллиард долар қарзу кӯмакҳои бебозгашт ироа карда, аз кӯмакрасонҳои асосии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97