Сарони кишварҳои узви ҷомеаи ҳамкории иқтисодии УруОсиё зимни нишасти ахири худ дар шаҳри Остона, дар мавриди ихтисоси 70 миллион доллар қарзи боимтиёз барои Тоҷикистон мувофиқат кардаанд.
Ин қарз аз Хазинаи зиддибӯҳронии ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии УруОсиё барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба Тоҷикистон ихтисос дода мешавад. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, қарори мазкур дар нишасти сарони кишварҳои узви УруОсиё дар шаҳри Остона имзо шуд. Дар мавриди соҳа ва тарҳҳои мушаххаси истифодаи қарзи боимтиёзи УруОсиё ба Тоҷикистон маълумоте бештар ироа нашудааст.
Қаблан, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд низ, миёни Чин ва Тоҷикистон дар мавриди додани кӯмаки 10 миллион долларии Чин, барои рафъи паёмади бӯҳрони молӣ дар Тоҷикистон, тавофуқ ҳосил шуда буд. Аммо усул ва самти мушаххаси истифодаи он воситаи пулӣ низ эълон нашуда буд.
Иҷлоси Шӯрои ҷомеаи ҳамкории иқтисодии УруОсиё рӯзи 5 июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир шуд. Сарони кишварҳои узви ин ҷомеаи ҳамкорӣ, ба шумули Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Қирғизистон, Белорус ва Арманистон масоили ҳамгироии иқтисодӣ ва тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.