Рӯзи 6 июл яке аз ёдгориҳои қадимитарини фарҳангии Тоҷикистон мақбараи Хоҷа Машҳад, ки дар ноҳияи Шаҳритус воқеъ аст, дарҳояшро ба рӯйи аввалин зиёраткунандагон боз кард.
Маросими ифтитоҳи мақбара бо ширкати Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанг ва ҳукумати ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид. Барои бозсозии мақбараи Хоҷа Машҳад сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон 106 ҳазор доллар сарф кардааст. Зимнан, тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, мақбараи мазкур дар асри 1Х сохта шуда, яке аз марказҳои асосии ташвиқу тарғиби ислом дар минтақа ба шумор мерафтааст.
Бояд гуфт, ки бинои мақбара ва мадрасаи он бо мурури замон анқариб хароб шуда буд. Танҳо деворҳои бузурги он боқӣ монда буду бас. Мадрасаи дар назди мақбара сохташуда дар асри Х яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ ба шумор мерафтааст.
Дар маросими ифтитоҳи мақбара имом - хатиби масҷиди "Ҷорҷтом" - и Вашингтон Яҳё Ҳиндӣ низ иштирок дошт. Ӯ дар бораи аҳамияти чунин осори таърихӣ ва нақши онҳо дар пайванд сохтани равобити гузаштаву имрӯзу фардо суханронӣ кард. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, мақбараи Хоҷа Машҳад ба феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дохил шудааст.