Ду тазоҳуроти эътрозӣ бар зидди «ТАЛКО» дар Узбакистон

Хабари хуб 08.07.2010 16:37

Бино ба иттилои хабаргузории Регнум, дар Узбакистон тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди корхонаи алюмини Тоҷикистон дубора оғоз шудааст.

Рӯзҳои ахир дар ноҳияҳои Сариосиё, Узун ва Деҳнаву Олтинсаройи вилояти Сурхандарё ду тазоҳурот баргузор шудааст. Ширкаткунандагон хостаанд, мазмуни мундариҷаи муроҷиатномаи моҳи марти соли ҷориро дар бораи зарари партовҳои корхонаи алюмини Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи маҳофили байналмилаллалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон расонанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97