Оҷонси вижае дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз ҳуқуқи занону духтарон дар ҷаҳон таъсис ёфт. Баҳсу гуфтугӯҳо дар бораи зарурати таъсиси чунин як ниҳод дар дохили ин созмони байналмилалӣ тайи чаҳор соли гузашта идома дошт.
Бино ба иттилои ВВС Созмони Оҷонси СММ дар умури баробарии ҷинсиятӣ ва эҷоди шароит барои мушорикати баробари занон дар зиндагии ҷомеъа унвон дошта ва номи кӯтоҳи он ба инглисӣ «UN Women» хоҳад буд.
Ин ниҳод фаъолияти худро дар оғози соли ояндаи милодӣ оғоз хоҳад кард ва чаҳор созмони байналмилалии марбут ба умури занонро, ки то кунун вуҷуд доранд, дар таркиби худ муттаҳид хоҳад сохт.
Бон Ки Мун, дабири кулли СММ, зимни гирифтани тасмим дар ин бора гуфтааст: «Оҷонси умури занон талошҳои СММ дар заминаи таблиғи баробарии ҷинсиятиро афзоиш ва имконоти мо барои мубориза бо табъизро дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад дод.»
Аша Роуз Мигиро, муовини дабири кули СММ тасмим дар бораи таъсиси ин ниҳодро «рӯйдоде таърихӣ» хонд. Раҳбари ниҳоди ҷадид ҳамзамон муовини дабири кулли СММ хоҳад буд. Дипломатҳои СММ мегӯянд, ки музокирот барои таъсиси Оҷонси ҳимоят аз занон ба хотири ихтилофи назарҳо миёни кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ба дарозо кашидааст.