Хатмкардаи Мактаб -интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Парасту Саодатова дар ду озмуни байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардид.
Дар 3-юмин Озмуни байналмилалии ба номи Д. Б. Кабалевский, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир шуд, Парасту дар номинатсияи «Дастаи инструменталӣ» соҳиби ҷойи сеюм ва дар Итолиё дар Озмуни XII байналмилалии «EUTERPE» Парасту Саодатова соҳиби ҷойизаи аввал шудааст. Парасту дар ҳоли ҳозир тариқи квота дар Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ-мусиқии ба номи М.М. Ипполитов-Иванови Федератсияи Русия таҳсили илм мекунад.
Ҳамчунин, тибқи барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг имсол 14 нафар довталаб интихоб шуда, барои супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олии мусиқии Федератсияи Русия фиристода шудаанд. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии тобъеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар макотиби олии хориҷ ба мисли Русия, Украин ва Қазоқистон 78 нафар дар 27 бахш таҳсил мекунанд.