Русия дархости Оқиловро ба баррасӣ гирифт

Хабари хуб 01.07.2010 15:35

Оқил Оқилов сарвазири кишвар зимни як нома аз ҳамтои русиягиаш Владимир Путин хостори лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ шудааст. Сарвазири Русия, Путин ба ноиби худ Игор Сечин дастур додааст, то хоҳиши мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ҷорӣ шудани пардохти гумрукии судури фуровардаҳои нафтии Русия аз аввали моҳи июн сабаби афзоиши нархи бензин ва дигар маводи сӯхт дар Тоҷикистон шуд.

Гуфта мешавад, ки қисмати бештари бозори ин маводро дар Тоҷикистон ширкати русии «Газпромнефт» дар даст дошта, ин маҳсулот асосан аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад. Аз ин рӯ, боҷи Русия ба нархи бензин дар Тоҷикистон таъсири зиёд гузоштааст. Аз ҷумла нархи бензин баъди баланд шудани ҳаҷми боҷи содиротӣ аз ҷониби Русия, аз 3 сомону 40-50 дирам то ба 4 сомону 50 дирам боло рафтааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97