Ширкати «Собир» нақби «Истиқлол»-ро тарк кард

Хабари хуб 01.07.2010 15:34

Корҳои сохтмонӣ дар нақби “Истқлол” аз ширкати “Собир” ба ширкати “Сангоб”-и Ирон таҳвил шудааст. Ин тасмим дар пайи дермонӣ дар анҷоми ин тарҳ гирифта шуда ва гуфта мешавад, ки хароҷоти сохтмони ин нақб ду маротиба бештар аз маблағи ибтидоиро ташкил додааст.

Ин хабарро як намояндаи сафорати Ирон дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 30 июн ба Би-би-сӣ тайид кардааст ва гуфтааст, ки ахиран дар ин замина санаде бо давлати Тоҷикистон имзо шудааст. Ин манбаъ, инчунин афзудааст, ки аз ин ба баъд ширкати “Сангоб”, ки ҳоло машғули сохтмони неругоҳи Сангтӯда-2 аст, анҷоми умури сохтмонӣ дар тунели “Истиқлол”-ро ба дӯш гирифтааст.

Гуфта мешавад ҳоло раванди таҳвили ин тарҳ ба ширкати “Сангоб” идома дорад, вале қарор аст кулли корҳои сохтмонӣ то 4-5 моҳи оянда анҷом шавад. Ҳамчунин тибқи иттилои манбаи мазукр бояд кулли корҳо то моҳҳои октябр-ноябр дар нақби «Истиқлол» ба анҷом расонида шаванд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97