Комиссиюни давлатӣ: Фаъолияти IRS қонунист

Хабари хуб 24.06.2010 14:47

Комиссиюни махсуси ҳукумати Тоҷикистон хулоса кардааст, ки фаъолияти ширкати "IRS"мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Ниҳодҳои давлатӣ қарордоди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ин ширкатро баррасӣ карда, хулоса кардаанд, ки фаъолияти ин ширкат мухолифи қонунгузориҳои Тоҷикистон нест. Ба ин тартиб, кумиссиони давлатӣ қарор кардааст, ки мавзӯи қонунӣ будани фаъолияти "IRS" дар Тоҷикистон дигар матраҳ нест.

Ато Мирхоҷа, сухангӯйи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар ҷаласаи ниҳоии ин комиссиюн намояндагони кулли ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ширкат доштанд ва мавзӯъи қонунӣ будани фаъолияти ширкати "IRS" дар кишвар баррасӣ шудааст. Ин кумиссиюн ба дунболи нигарониҳои ҷомеъаи Тоҷикистон аз фаъолияти ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" ("IRS"), ки барои ҷамъоварии роҳкиро дар нахустин роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ дар Тоҷикистон муваззаф шудааст, таъсис шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Идораи зиддиинҳисори Тоҷикистон эълом дошта буд, ки дар фаъолияти ин ширкат нақзи қонунҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва дархости қатъи пулчинӣ дар ин роҳро карда буд. Тибқи иттилоъи маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ҷаласаи ниҳоии ин комссиюн қарор кардааст, ки созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "IRS", ки аз сӯйи ду маҷлиси порлумон таъйид шуда, "афзалияташ дар мутобиқ будани он ба талаботи қонунгузориҳои байналхалқӣ мебошад".

Ба ин тартиб, Ато Мирхоҷа гуфтааст, ки тибқи хулосаи ин комиссиюн, ширкати "IRS" метавонад, фаъолияти худ дар Тоҷикистонро идома диҳад.

Дар ҳамин ҳол Амонулло Ашӯр, раиси Идораи зиддинҳисории Тоҷикистон, ки дар гузашта аз мунтақидони сарсахти фаъолияти ширкати "IRS" буд, рӯзи 22 июн дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз шарҳи хулосаи ин комиссиюн худдорӣ кардааст. Амонулло Ашӯр танҳо гуфтааст, ки: "Назари Идораи зиддиинҳисорӣ дар мавриди фаъолияти ин ширкат ба комиссиюни махсуси давлатӣ пешниҳод шудааст ва Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон аз он огоҳ аст. Тибқи муқаррароти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, мо наметавонем хулосаи ин комиссиюнро шарҳ бидиҳем. Ба ин далел, суолоти мавриди назари хабарнигорон бояд ба Олимҷон Бобоев ироа шаванд."

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки бештари сокинони навоҳии атрофи роҳи пулакӣ бо ирсоли номаҳои саркушода ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лағви муқаррароти пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқро тақозо мекунанд. Бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ мухолифати худро аз ин тарҳ расман эълом кардаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97