Номаи тоҷикони Аврупо ба Каримов

Хабари хуб 24.06.2010 14:46

Тоҷикони муқими Аврупо зимни номае ба унвони Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хостори раҳоии вагонҳои Тоҷикистон ва беҳбуди равобит миёни Тоҷикистон ва Узбакистон шудаанд.

Онҳо гуфтаанд, ҳукуматҳои ду кишвар вазифадоранд, ки таҷрибаи садсолаҳо ҳамзистии тоҷику узбакро ҳифз кунанд. Намояндагони ҷомеаҳои тоҷикии Белгия, Нидерландия ва Люксембург дар номаи худ навиштаанд, ки "мо тавассути расонаҳои ахбори умум ва аз сӯҳбат бо пайвандонамон дар Тоҷикистон иттилоъ ёфтем, ки муддатҳо ба ин сӯ, бо сабабҳои номаълум дар минтақаи Термиз вагонҳои молу колои Тоҷикистон боздошта шудаанд".

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки бадхоҳони тоҷику узбак овозаҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё Узбакистон алайҳи Тоҷикистон муҳосираи иқтисодӣ эълон кардааст. Аммо ҳамзистии мардуми тоҷику узбак садсолаҳо таҷриба дорад ва мо вазифа дорем, ки чунин мероси бузурги гузаштагонро ҳифз кунем. Ҷомеаҳои тоҷикони Аврупо, иборат аз намояндагони миллиятҳои тоҷик, узбак, рус ва арманӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, хостори ҳарчӣ сареътар ҳал шудани қазияи мазкур ва одӣ шудани муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон шуданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97