Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт

Хабари хуб 24.06.2010 14:45

Субҳи 23 июни соли ҷорӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 13- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Гуфта мешавад дар назар аст, ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон қариб як ҳафта тӯл кашад ва президент аз шаҳри Хоруғ ва навоҳии дигари ин вилоят дидан мекунад ва дар маросими кушодани як чанд иншооти ҷадид ширкат меварзад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97