Тағйироти сохторӣ дар Ҳукумат

Хабари хуб 13.03.2010 19:55

Бар асоси як фармони президент дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Аз ҷумла Кумитаи давлатии омори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуданд. Инчунин Кумитаи оид ба корҳи дин ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Агентии таъминоти амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд.

Президенти кишвар дар фармони мазкур ин тағйиротро "бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ" асоснок намудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97