Дархости интиқоли маблағҳо ба банкҳои ватанӣ

Хабари хуб 21.01.2010 19:54

Президент Эмомалӣ Раҳмон, аз тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик даъват кард, ки дороиҳои худро аз бонкҳои кишварҳои хориҷӣ ба ватан интиқол диҳанд. Ӯ қавл дод, ки дар ин сурат, ин маблағҳо қонунӣ маҳсуб мешаванд ва мавриди пайгарди қонунӣ қарор нахоҳанд гирифт. Дар акси ин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон эълом кард, ки давлати Тоҷикистон ба таҳқиқи дороиҳои мардуми тоҷик дар хориҷ аз кишвар хоҳад пардохт.

Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро рӯзи 15-уми январ дар мулоқоти худ бо соҳибкорон ва тоҷирони маҳаллӣ изҳор дошт. Вай ҳамчунин аз бозаргонҳо ва сармоядорон хост, ки дар харидории саҳоми тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" фаъолтар бошанд.

Ба эътиқоди раиси ҷумҳур, ҳоло бархе аз сармоядорони ин кишвар дороиҳои худро дар бонкҳои кишварҳои хориҷӣ маҳфуз карда ва солиёна як ё ду дарсад суд мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, агар ин маблағҳо дар бонкҳои Тоҷикистон нигаҳ дошта шаванд, соҳибони онҳо аз даҳ то понздаҳ дарсад суд хоҳанд гирифт.

Раиси ҷумҳур ба ниҳодҳои зирабт дастур дод, ки шароити ҳуқуқӣ барои интиқоли маблғҳои мардуми Тоҷикистон аз бонкҳои хориҷиро фароҳам кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: "Чунин амр барои як бор сурат мегирад ва мардум бояд аз ин шароит истифода кунанд. Сипас, мо метавонем ба мақомоти кишварҳои хориҷӣ барои дарёфти иттилоъ дар бораи дороиҳои шаҳрвандони худ муроҷиа кунем."

Раиси ҷумҳур инчунин афзуд: "Ман муддате интизор мешавам, ки чӣ микдор маблағ ба бонкҳои ватанӣ баргардонда мешаванд. Баъд, ман дастур медиҳам, ки иттилоъ дар бораи дороиҳои афроди сарватманд дар бонкҳои хориҷиро дарёфт кунанд."

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки иҷрои ин амр имкон медиҳад, ки маблағҳои сокинон ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат кунад. Ба унвони мисол афзуд, ки ахиран дар Итолиё чунин амре сурат гирифт ва сарватмандони итолиёӣ ба бонкҳои ин кишвар беш аз 82 милёрд юру интиқол додаанд.

Президенти кишвар дар суханронии худ изҳор дошт, ки дар ду соли ахир давлати барои сода кардани шароити рушди бахши хусусӣ иқдомоте анҷом додааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, роҳандозии "равзанаи воҳид" барои сабти ширкатҳо, манъи бозрасии фаъолияти ширкатҳо барои ду сол, тахсиси вомҳои ботахфиф барои тоҷиронр ва соҳибкорон аз ҷумлаи ин иқдомот аст.

Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон аз баланд будани мизони суди эътиборот дар бонкҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки Бонки Миллӣ бояд тадобире барои коҳиши он ва боло бурдани мӯҳлати қарзҳо ва таҳияи феҳрасти қарзгирандиҳандаҳо анҷом бидиҳад.

Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти бонкҳои Тоҷикистон шадидан интиқод кард. Афзуд, ки танҳо аз роҳи сармоягузорӣ дар тиҷорат рушди фаъолияти бонкӣ ба даст нахоҳад омад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дод, ки ночор меашвад ба фаъолияти бахшҳои бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷоза бидиҳад ва дар ин сурат ба гуфтаи ӯ, "бонкҳои Тоҷикистон дар ду моҳ муфлис мешаванд."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97