“Ҷоизаи мусиқии Боб – 2019” истеъдодҳои навро меҷӯяд

Хабари хуб 31.05.2019 03:30

Маркази фарҳангии “Бохтар” бо кумаки молии Дафтари ҳамкорӣ бо Тоҷикистони Шветсария Озмуни миллии суруди аслии “Ҷоизаи мусқии Боб – 2019”-ро баргузор мекунад. Дархост барои ширкат дар ин тарҳ то 30 июни соли 2019 пазируфта мешавад.

Ин озмун бо ҳадафи кашфи истеъдодҳои нав ва роҳнамоии онҳо ба шоҳроҳи ҳунар доир мегардад.

Афроди соҳибистеъдоди синни 16 то 28 сола аз саросари кишвар метавонанд барои ширкат дар ин озмун дархост бифристанд. Дар озмун бо сабкҳои гуногуни мусиқӣ ва ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ метавон ширкат варзид. Барои раҳ ёфтан ба озмун довталаб бояд пурсишномаи сабти ном дар озмунро пур кунад ва ҳамроҳ бо сабти видеоии иҷрои суруд ва мусиқии хеш ба сурғаи сомонаи www.bobmusicaward.tj ирсол намояд.

Суруд ва мусиқиҳое, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ меёбанд, дар студияҳои ҳирфаӣ сабт ва дар шакли албоми CD-и “Ҷоизаи мусиқии Боб” мунташир мешаванд.

Шарики дигари ин тарҳ созмони Юнисеф ва шарикони иттилоотии тарҳ ТВ “Сафина”, радиои “Азия плюс” ва телевизиони минтақавии “Диёр” мебошанд.

Зимнан, “Ҷоизаи мусиқии Боб” дар соли 2016  ба хотири гиромидошт аз Боб Леверингтон, мудири бахши рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи марказӣ, ки гуфта мешавад, ба мусиқӣ ва ҳунари тоҷикон алоқаи зиёд доштааст ва ҳоло дар ҳаёт нест, таъсис ёфтааст, ин озмун дар солҳои 2017 ва 2018 низ дар Тоҷикистон барпо шуда буд, ки тозаҳои мусиқии наврасон ва ҷавононро бозёфт ва рӯнамоӣ кард.

А.Мирзо

маҷаллаи онлайнии "Ҳавво"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97