Зуҳри рӯзи 15-уми майи соли 2019, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карда шуд.
Кормандони милитсия, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷикро, ки шавҳари ин зан дониста мешавад, бо гумони қатли ӯ дастгир кардаанд.
Ба маълумоти ибтидоӣ, номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматии хеш бо ҳамсараш вориди муноқиша шуда, бо чӯб якчанд маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъдан, ҷасадро дар селофан печонида, ба чуқурии 2-метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гӯр карда, барои рӯйпӯш намудани ин ҷиноят болои онро ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмонӣ пӯшонидааст.
Дар ин маврид парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шуда, тафтишот идома дорад.