«Ордбезон»-и Ҳукумат дар моҳи июн

Хабари хуб 13.05.2019 12:01

Қарор аст, Ҳукумати Тоҷикистон ба санҷиши донишу дороии мансабдорони андоз, гумрук ва молия сар аз моҳи июн оғоз намояд.

Тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, Ҳукумат бо таъсиси комиссияи босалоҳият шуруъ аз моҳи июни соли 2019, барои тамоми кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрук давраи санҷиш (аттестатсия) мегузаронад.

Раиси ҷумҳури кишвар дар мулоқоти хеш бо мақомоти гумрук, андоз, молия ва бонкҳо, Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишварро муваззаф сохт, то дар ниҳодҳои мазкур санҷиши сартосарӣ гузаронида шавад.

Ӯ аз ҷумла дар ин мулоқот гуфт: “Тамоми ҳамин сохторҳоро аз элак бехтан даркор аст. Комиссияи давлатӣ барои аттестатсия таъсис дода шавад. Декларатсия, даромадашро, хонаю дарашро муайян кунад. Хусуру хушдоманашро, аз он ҷумла, ва фарзандонаш қатӣ, чӣ моликият ва дар куҷо доранд!”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Ҳукумат супориш дод, ки низоми дар эъломия ворид кардани дороиҳои мақомдорони давлатиро дар кишвар такмил намоянд.

Дар "элак" кӣ мемонаду кӣ мерезад, вақт нишон хоҳад дод. Зеро танҳо вақт довари ҳақгӯст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97