Марди аз ҷон безорро аз марг наҷот доданд

Хабари хуб 15.04.2019 17:44

Ба навиштаи сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарфи як ҳафтаи охир ин чандумин хабари худкушӣ ё қасди худкушӣ аст, ки расонаӣ мешавад.

 Бино ба иттилои ин манбаъ, ин бор сокини 53-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омад, то аз ҷони ширинаш ба ихтиёри худ ҷудо шавад. Аммо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро наҷот доданд.

Гуфта мешавад, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, соли таваллудаш 1966 дар ҳоли мастӣ бо мақсади худкушӣ ба симчӯби интиқоли барқ дар Душанбе боло шуд ва мехост дар пеши чашми мардум даст аз ҳаёти хеш бишӯяд. Аммо кормандони хадамоти наҷоти КҲФ ӯро аз ин қасд боз доштанд.

Ин ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахти кишвар рух додааст. Сокинони маҳалле, ки он симчӯб дар пеши хонаи онҳо буд, ба наҷотдиҳандагон фаврӣ занг зада хабар додаанд. Кормандони наҷотбахш бо гузоштани нардбон ин мардро аз марг наҷот додаанд.

Ангезаи қасди худкушӣ маълум нест. Таҳқиқоти ин ҳодиса шуруъ шуда ва идома дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97