БДА: Дар кишвар рейди "Муоинаи техникӣ" роҳандозӣ мешавад

Хабари хуб 15.04.2019 17:33

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон (БДА) эълон кардааст, ки дар кишвар рейд ё амалиёти "Муоинаи техникӣ" роҳандозӣ мешавад.

 

 Ҳадафи ин амалиёт, пешгирӣ аз ҳодисаҳои нақлиётӣ, беҳбуд бахшидани ҳолати техникӣ, ҷалби воситаҳои нақлиёт ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти молиёт ё андоз, арзёбӣ мешавад. Амалиёти "Муоинаи техникӣ" аз 15 то 25 апрели соли 2019 ҷараён мегирад. Раёсати БДА аз ронандагон хостааст, то дар ин амалиёт фаъолона иштирок кунанд.

Аксарияти ронандагон аз тафтишҳо ва рейдҳои пай дар пай аз суи кормандони БДА изҳори норизоиятӣ мекунанд ва мегӯянд, насби дурбинҳои назоратӣ низ ин гуна амалиётҳоро коҳиш надод. Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии кишвар, ҳамчунин феҳрасти иловагии ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда, аммо маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97