Қазоқистон барои сохтмони гузаргоҳҳои марзиаш аз Чин $300 млн қарзи боимтиёз мегирад

Хабари хуб 11.04.2019 17:22

Вакилони сенати Қазоқистон имрӯз, 11 апрел лоиҳаи қонуни дарёфти қарзи боимтиёзро аз Чин дар ҳаҷми 298 миллион доллар бо 2 фоизи солона, қабул карданд.

Қарз барои 20 сол дода мешавад. Ҳукумати Қазоқистон тасмим дорад, бо ин маблағ 10 гузаргоҳи марзиро таъмир кунад.

"Гузаргоҳҳои мавҷуда имкони қабули шумори рӯзафзуни нақлиётро надоранд. Гузаргоҳи марзии Қазоқистон бо Ӯзбекистон намуна аст. Дар ин гузаргоҳ ҳамарӯза аз 100 то 300 нақлиёт ҷамъ мешавад, баъзе ронандаҳо то 3 рӯз навбатпоӣ мекунанд", - гуфт муовини аввали сарвазири Қазоқистон Алихон Исмоилов.

Исмоилов пештар аз ин гуфта буд, ки 70 дарсади дастгоҳҳои мавриди назар аз Чин харидорӣ хоҳад шуд. Амалисозии лоиҳа охири соли ҷорӣ шуруъ ва соли 2022 ба итмом хоҳад расид.

Созиши дарёфти қарзи боимтиёз миёни Чину Қазоқистон моҳи июни соли 2018 ҳосил шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97