Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ доир кардааст, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъи ин вазорат ширкат варзидаанд.
Дар ин ҷаласа қайд шудааст, ки “ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши иқтисодчиёни кишвар, аз ҷумла кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба як мақсад нигаронида шудааст; таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, ки метавонад ҷумҳуриамонро ба яке аз давлатҳои мутараққӣ, некӯаҳвол ва пешрафтаи минтақа табдил диҳад”.
Дар ин бора Маркази матбуоти ин вазорат хабар нашр кардааст.
Гуфта мешавад, дар ин маросими тантанавӣ бархе аз кормандони дастгоҳи марказии вазорат барои фаъолияти пурсамар дар Рӯзи иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ шудаанд.
Зимнан, 2 августи соли 2011 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид шуд ва тибқи он 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиёни кишвар дониста мешавад.